Содироти меваю сабзавот ба сатҳи рекордӣ расид

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёти Ӯзбекистон ба шумор меравад. Хусусан, дар самти парвариш ва содироти маҳсулоти меваю сабзавот солҳои охир ислоҳоти пайдарпай амалӣ гардида, имкониятҳои ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ ба таври назаррас васеъ шудаанд.

Дар натиҷаи баланд шудани сифати маҳсулоти маҳаллӣ ва рақобатпазирии он, меваю сабзавоти Ӯзбекистон дар бозори ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз бештар мавриди талаб қарор мегирад. Аз ин лиҳоз, нишондиҳандаҳои содиротии бадастомада дар соли 2025 боз як далели равшани иқтидори аграрии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор, соли гузашта Ӯзбекистон ба бозорҳои хориҷӣ 2,2 миллион тонна маҳсулоти меваю сабзавот ба маблағи 2,1 миллиард доллари ИМА содирот намудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба давраи мувофиқи соли гузашта 36,9 фоиз афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии содироти кишвар 6,3 фоизро ташкил додааст.
Таркиби маҳсулоти содиротӣ чунин аст: мева ва буттамева — 628,5 ҳазор тонна, сабзавот — 582,5 ҳазор тонна, тарбузу харбуза — 233,6 ҳазор тонна, мош — 148,2 ҳазор тонна, инчунин чормағз ва заминчормағз — 29,3 ҳазор тонна.
Ҳамзамон, дигар намудҳои маҳсулот 540,5 ҳазор тоннаро ташкил додаанд.
Ин натиҷаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки талаботи байналмилалӣ ба маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон пайваста рӯ ба афзоиш дорад.
Ба андешаи мутахассисон, афзоиши ҳаҷми содирот бо ислоҳоти амалӣ дар соҳаи аграрӣ, густариши имкониятҳои логистикӣ ва беҳтар шудани сифати маҳсулот иртиботи зич дорад. Бо ҳамин тартиб, Ӯзбекистон мавқеи худро дар бозори байналмилалӣ ҳамчун содиркунандаи меваю сабзавот боз ҳам мустаҳкам мекунад.
                                                                                                                                                 Муҳайё Тошқораева, ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: