Дар давоми соли 2025 қариб 60 номгӯй китобҳои шоиру нависандагон ва эҷодкорон бо забони тоҷикӣ нашр шуд. Романи «Рӯзгори гузашта»-и нависандаи маҳбуб Абдулло Қодирӣ аз ҷониби адиб Юнуси Имомназар ба забони форсӣ ва «Корҳои дунё»-и Ӯткир Ҳошимов аз тарафи мутарҷим Насиба Зайниддинова ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид. Чор нафар эҷодкори тоҷик – Бекназар Тӯйназар, Дилошӯб (Ӯғулой Ҷӯрабоева), Малик Кабиров ва Ҳикмат Ҳикматов узви иттифоқи нависандагон шуданд.
Беш аз 15 чорабинии адабиву фарҳангӣ, вохӯриҳои эҷодӣ, рӯнамоии китобҳо баргузор гардид.
Дар ҷамъомади навбатии Шӯрои адабиёти тоҷик, ки дирӯз дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон гузаронида шуд, чунин маълумот ироа гардид.
Дар чорабинӣ, ки шоиру нависандагон, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ ва аҳли адаб иштирок карданд, нахуст муовини раиси иттифоқ Ғайрат Маҷид дар бораи ислоҳоти густурдае, ки таҳти ташаббус ва роҳнамоии Сарвари давлат ҷиҳати рушди адабиёт, тарғиби маънавияту маърифат, дастгирии шоиру нависандагон, бахусус, эҷодкорони ҷавон амалӣ мегарданд, инчунин, роҷеъ ба саҳми Шӯрои адабиёти тоҷики назди иттифоқ дар таҳкими робитаҳои адабӣ, дастовардҳои аҳли адаб дар соли сипаришуда ҳарф зад.
Дар идома раиси Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Хусрав Саъдуллоҳ дар бораи корҳое, ки тӯли соли 2025 ҷиҳати густариши адабиёти тоҷик дар ҳавзаи адабии Ӯзбекистон амалӣ гардиданд, маълумот дод.
– Соли гузаштаро дар ҳаёти адабиву фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон метавонем чун як соли бобарор ва аз лиҳози чопи китобҳои тоҷикӣ пурбор унвон намоем, – иброз дошт Х.Саъдуллоҳ. – Дар давоми сол қариб 60 маҷмӯаи дастаҷамъиву китобҳои алоҳидаи насрӣ, назмӣ ва илмии адибони тоҷики муқими кишвар интишор гардид. Инчунин, бахшида ба солгарди шоиру нависандагон, олимони адабиётшинос беш аз 15 чорабинии фарҳангӣ, нишасту маҳфилҳои адабӣ гузаронида шуданд. Баргузории ҷашни мавлуди чаҳор адиби тоҷик Бекназар Тӯйназар, Паймон, Абдулло Субҳон ва Юнуси Имомназар, рӯнамоии китобҳои Паймон ва Асадуллоҳ Исмоилзода дар доираи «Мушоираи бародарӣ» аз ин ҷумлаанд.
Сипас, роҷеъ ба назм дар соли 2025 узви Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик» Абдулло Субҳон, оид ба вазъи насри бадеӣ дар тӯли сол адиб Муҳаммад Шодӣ маълумот доданд.
Зикр гардид, ки бо мақсади таҳкими равобити адабӣ аз тарафи Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон маҷмӯаи шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо номи «Саҳарнам» рӯйи чопро дид. Ҷилди дувуми «Девон»-и Паймон таҳти сарпарастии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон нашр шуд. Дар маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» таҳти рукнҳои «Шоирони мо» ва «Адибони мо» шарҳи ҳол ва намунаҳои эҷоди чанд тан аз шоиру нависандагони муваффақи кишвар рӯйи чоп омад. Илова бар ин, китобҳои як қатор эҷодкорони кишварамон, аз ҷумла Чоршанбеи Деҳнавӣ («Яке аз ҳазорон»), Муҳаммад Шодӣ («Аз Рӯдакӣ то Фарзона»), Дилошӯб («Паёми меҳр»), Ҷаъфар Муҳаммад («Мӯяи Омӯя»), Илҳоми Насафӣ («Як қофила шеър») дар Тоҷикистону Эрон низ интишор шуданд.
Иштирокдорон ҳамзамон аз рӯйи вусъат додани фаъолияти шӯро, роҳандозии таҷрибаи тарҷумаи асарҳои эҷодкорони тоҷик ба забони ӯзбекӣ, ҷалби мунаққидон ва адабиётшиносон ба нақди адабӣ, нашри антологияи наср ва назми шоирону нависандагони тоҷики ҳавза ва ғайра пешниҳодҳои худро ба миён гузоштанд.