Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «NUKUS SSP TEXNOPARK», ки соли ҷорӣ дар шаҳри Нуқус ба фаъолият оғоз намудааст, яке аз лоиҳаҳои ояндадор ба ҳисоб меравад.
Корхона бо кредити имтиёзноки 28,5 миллион еврои «Ӯзмиллийбанк» технологияҳои муосири истеҳсоли ришта ва калобаро аз Ҷопон, Олмон, Швейтсария ва Туркия ворид кард. Ҳоло корхонаи нав дар реҷаи санҷишӣ фаъолият дорад. Дар ин ҷо шабонарӯз тақрибан 150 нафар ба кор машғуланд. Пас аз бо иқтидори пурра ба кор даромадани корхона шумораи коргарон то 460 нафар хоҳад расид.
Ҳоло қисми асосии маҳсулоти истеҳсолӣ дар бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Инчунин, тибқи шартномаҳо ба Русия ва Беларус маҳсулоти аввалин содир шуд. Дар оянда васеъ намудани фаъолияти корхона ва аз риштаю калоба истеҳсол намудани матоъ, яъне газламаи тайёр ба нақша гирифта шудааст.
Суратгир: М.ҲАБИБУЛЛОЕВ (ӮзА).