Нодирае, ки ман шинохтам...

Нодираи Маъруф (Отахонова). Ин ном дар ҷаҳони орзуву ормонҳои ман чун гавҳаре тобнок аст.

Чунки бо соҳиби ин номи зебои шоирона замоне ошно шудам, ки навраси дабиристон будам, дили оинавор доштам, аз неку бади ҷаҳон хабаре надоштам ва тоза шеърҳои камрангу ҳаваскорона менавиштам. Ба ҷаҳон фарёд заданӣ мешудам, ки ман менависам, садое дар гулӯям ҳаст, ки бояд ба фарёд табдил ёбад. Бо оташи баланди ҳавас назмгунаҳои худро дар дафтаре навишта, пеши ин бону мебурдам. Ва дар суҳбати ботамкинаш нишаста, оромиш меёфтам, забонаи оташи ҳавас кам-кам паст мегардид. Эҳсос мекардам, ки аз ман то шоирӣ ҳазорон фарсах аст.

Дафтари кӯчаки кориаш дар идораи ҳафтаномаи «Овози Ғончӣ» (ҳоло «Набзи Деваштич») дар маркази шаҳраки Ғончӣ хеле хоксорона ва муқаррарӣ буд. Мизу курсиҳои замони шуравӣ, дуртар аз ӯ мошини чопии замони пеш, коғазҳои вижаи чопи газета: баъзеҳо наву хокистарӣ, баъзеҳо кайҳо ранги зард ба худ гирифта. Дар болои мизаш чойникчаи хурди оҳанӣ ҳам меистод, ки нақшу нигор дошт. Аз тирезаи куҳна камубеш нури офтоб медаромад.

Аммо аз ин фазои одӣ ранги муҳаббатро мушоҳида кардан имкон дошт, аз чойнику пиёлааш накҳати шеъру сухан метаровид. Бо шавқ ба ин манзили умед меомадам. Каме ҷиддӣ менамуд, чашмонаш ҳузн дошт ва қариб, ки намехандид. Бо ҳампешагон ҳам чанд ҷумлаи кориро зуд-зуд радду бадал мекарду боз хомӯш мемонд. Агар Эгамназар, рӯзноманигори номошнои вилояти Суғд, вориди дафтари кории вай шаваду ягон лутфе фармояд, табассум дар лабонаш чун шарора менамуду зуд нопадид мешуд.

Мани саргарм бо ҳавасу кайфияти эҷод аз куҷо медонистам, ки ҷони наҳифи Нодирабону ҳам замоне мисли ҷони ман саршор аз оташи шавқу завқ будааст. Замоне ӯ ҳам орзуи паймудани кӯҳу кӯталҳои баланди СУХАНро доштааст. Аммо зиндагии ҷаррори камраҳм ба оташи дили нозуки хаёлпардозаш оби сард задааст.

Як бор шодмонии ҳақиқии муаллимаи арҷмандамро дида будам. Он ҳам паёми пирӯзии духтаракашон дар кадом як озмуне буд ва аксаш дар рӯзнома чоп шуда буд. Хабари пирӯзии ӯро ба ман мегуфтанду дар чашмонашон шарораи умеду шодӣ намоён мешуд. Қариб буд, ки акси духтарашонро аз саҳифаи рӯзнома бӯсанд, бо хумору муҳаббати модарӣ...

***

Баъди ислоҳу таҳрирҳои нозуку муҳими Нодирабону шеърҳои ман рангу бӯ пайдо мекарданд, низом меёфтанд ва баъзе намунаҳои хубаш дар «Овози Ғончӣ» чоп мешуданд. Ҳанӯз ҳам ман будаму ҳавасҳо, ман будаму ғурури навҷавонӣ. Бо ҳамин хонандаи синфҳои болоӣ шудаву ба доми ишқ афтодем ва дере нагузашта омадем ба Душанбе, барои таҳсил. Ва дур шудам аз ҳама азизоне, ки аз болҳои қавияшон паре маро додаву боли маро сохтаанд, то парвозӣ шавам.

Гузашти вақт гузашти барқро мемонад. Бинед, ки гӯё дар як чашм задан, муаллимаи азизам, устоди нахустини ман дар шеър Нодирабону ба баҳори панҷоҳ расидаанд. Ин паёмро ин субҳ донистаму сари коғаз нишастам, гирифтам хомаро ва навиштам ин номаро. Ин номаро бо пари кабӯтар ва рангҳои хотираҳои ширин менависам:

Салому дуруд бар Шумо омӯзгори азизам! Иҷозат диҳед, Шуморо шаҳиди майдони зиндагӣ биномам. Ва ин шаҳодатро низ бар Шумо хуҷастабод бигӯям! Дуоҳоятон бо ман аст. Аммо имрӯзҳо ба ниҳонхонаи ҷони Шумо роҳхат ёфтаву ҳис мекунам, ки Шумо то расидан ба имрӯзи пирӯз ҳазорон-ҳазор ишқ, умед, бовар, орзу, шеър, тарона, рақс, ханда, табассум ва гулчини вожаҳоро, ки шояд шеърҳои нозанин мешуданд, қурбон кардаед. Бале, маҳз бар ивази қурбонии ин арзишҳои беназири ҷону ҷаҳони хеш аз зиндагӣ бахту саодати фарзандони хешро гирифтаед. Шумо дар суҳбати худ назди оина шояд садҳо бор бо зиндагии қаҷдорумарез шартномаи додугирифт бастаед, ки «Эй зиндагӣ! Ишқ, умед, бовар, орзу, шеър, тарона, рақс, ханда, табассум ва гулчини вожаҳоро аз ман бигир, қиматтарин шоҳвори одамӣ – Вақтро, Умрро бигир, аммо барои фарзандонам бахт ва умри дароз ато намо!»

Шумо чун фарзанди шоистаи падари худ Маъруф Отахонзода – Журналисти шоистаи Ӯзбекистон, ки солҳои мадид дар рӯзномаи «Овози тоҷик» заҳмат кашидааст, дарвоқеъ шумо ҳам, ки аз мактаби ин рӯзномаи овозадор чанд соле сабақ бардоштаед, ба қаламу адабиёт содиқ ҳастед.

Ва як гиреҳро боз намоям, то дониста шавад, ки барои расидан ба қуллаи мақсуд басе касоне дастони мубораки хешро зина мекунанд, ки фаромӯш набояд кунем. Фидои дастони қаламкашу аламкаши Шумо шавам, ки чанде пеш як хоҳиши Шуморо натавонистам иҷро намоям. Дар ин қадар соли робитаҳои рӯҳониву шеърӣ ҳамагӣ як хоҳиш намудед, аммо боз ман сарвақти Шумо нарасидам. Ба шеърҳои Шумо қалам назадам. Охир, чӣ гуна ба шеърҳои Шумо, вожаҳои нағзи Шумо, ки хуни Шумоянд, қалам бизанам, ман он шогирдаки дирӯза имрӯз чӣ сон сарводаҳои устодамро таҳрир намоям?!

Шумо нағзнавису нағзбинед, бо ин ҳама дар кӯтоҳтарин фурсат, бо каме беҳтар шудани вазъи сиҳатии падарам ҳатман хоҳиши Шуморо иҷро хоҳам кард.

Дар ин рӯзи пирӯз аз дуриҳо паём мефиристам ба номи некатон. 

Ман ҳам дуои сабзе хоҳам кард, то он ки замони шартномаи вазнини Шумо бо Зиндагӣ тамдид наёбад ва пас аз ин, барои худатон ҳам зиндагӣ намоед. Ишқ, умед, бовар, орзу, шеър, тарона, рақс, ханда, табассум ва гулчини вожаҳоро дар ҷони худ афрӯзед ва ҳам саодати азизони худро бинед.

Бовар дорам ва дилам рӯшан аст, ки фарзандони хуҷастаболу ҳамоюнфоли Шумо, ки ҳама ҳоло бузургсоланду рӯзиёбанд, он ҳама қурбониҳои ҷуброннопазири Шуморо дарк мекунанд ва боқӣ намегузоранд, ки модари шоири онҳо ба чунин «шартномаҳо» даст монад.

Бузургмеҳри Баҳодур, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: