Намангон чеҳраи нав мегирад

  • Намангон чеҳраи нав мегирад
  • Намангон чеҳраи нав мегирад
  • Намангон чеҳраи нав мегирад

Дар доираи барномаи ноҳияи намунавӣ «Дар симои Ӯзбекистони Нав» дар минтақаҳо, ки шомили ин барномаанд, корҳои васеъмиқёси азнавсозиву ободонгардонӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Норин ноҳияи  қадимтарини вилояти Намангон ба шумор меравад. Дар он баробари самтҳои дигар соҳаи хидматрасонӣ ва сайёҳӣ низ рушд кардааст.
Аз ҷумла, дар маҳаллаи Чӯҷа, ки дар соҳили рӯди Норин ҷойгир шудааст, дар масоҳати 2,6 километр маҷмааи сайёҳии соҳилӣ сохта мешавад.
Ба наздикӣ ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов бо лоиҳаи нави иншоот шинос шуд ва супориш дод, ки бояд корҳои амалӣ такмил дода, маҷмуи замонавии сайёҳии соҳилӣ бунёд шавад.
Дар ду шафати асосии аз деҳаи Чӯҷа то шаҳри Ҳаққулобод даҳҳо нуқтаи савдои моҳӣ фаъолият доранд. Вале шароити онҳо ба талаби замон ҷавобгӯ нест. Ҳоким изҳор дошт, ки бояд барои фурӯшандагону харидорон низ шароити хуб офарида шаванд. Дар ҷараёни шиносоӣ ба ин масъала диққати махсус дода шуд.
Зиёратгоҳи «Булоқли мазор» ҳам аз ҷумлаи мавзеъҳои сайёҳӣ ба шумор меравад.  Хусусан, дар мавсими тобистон ба ин ҷо миқдори зиёратчиён меафзояд. Аммо шароит ба талаби замон мувофиқ нест.
Роҳбари вилоят супориш дод, ки барои рушди сайёҳии дохилӣ бояд, пеш аз ҳама, лоиҳаҳои нави замонавӣ таҳия  ва шароиту имкониятҳои замонавӣ фароҳам оварда шаванд.
Дар маҳаллаи «Намангони Нав» низ дар доираи барномаи мазкур корҳои азими сохтмон ва ободонӣ анҷом дода мешаванд. Ҳоким аз ин маҳалла ҳам боздид карда, бо рафти корҳои амалӣ шинос гардид ва ба мутасаддиён вазифа дод, ки  корҳоро сари вақт ва бо сифат ба анҷом расонанд.
Дар маҷлисгоҳи ҳокимияти ноҳия ҳокими он Ҷӯрабек Нурматов барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаро дар соли 2026 пешниҳод карда, дар бораи ҳар як лоиҳа, ки дар доираи барномаи ноҳияи намунавӣ «Дар симои Ӯзбекистони Нав» амалӣ карда мешавад, маълумот дод. Иштирокдорон инчунин бо лоиҳаҳо дар доираи барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа муфассал шинос шуданд.
Ҳокими вилоят изҳор дошт, ки дар доираи барнома барои ноҳия 100 миллиард сӯм ҷудо шудааст, ин маблағ бояд самара бахшад ва мувофиқи мақсад истифода шавад. Ӯ андеша ва пешниҳодҳои фаъолон ва вакилони ноҳияро бинобар пурра татбиқ кардани лоиҳаҳо шунид. 
Чунин корҳои амалӣ дар ноҳияи Косонсой низ оғоз ёфтаанд. Дар ҳар ду соҳили рӯди Косонсой корҳои ободонсозиву азнавсозии калонҳаҷм амалӣ мешаванд.
Шавкатҷон Абдураззоқов ба мақсади шиносоӣ бо рафти корҳо ба ин ноҳия низ рафт.
Дар маҳаллаи «Чорбоғ», дар масофаи 6 километри ду тарафи соҳили рӯд корҳои бетонрезӣ – мустаҳкамкунии соҳил, сохтмони пайроҳаҳои сайёҳӣ, ободонгардониву кабудизоркунӣ ва роҳи махсус барои велосипедронон ба нақша гирифта шудаанд. Ҳоким, ҳангоми бо корҳо шинос шудан, доир ба аҳамияти инкишофи инфрасохтори ноҳия, барои аҳолӣ ва сайёҳон фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва муҳити бехавфу хатар мулоҳиза ва тавсияҳои худро баён кард. Ӯ ба масъулин  таъкид намуд, ки корҳои сохтмонро дар асоси лоиҳа-ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда, дар пояи талаботу меъёрҳои давлатӣ ва муддатҳои пешбинишуда  иҷро кунанд.
Бахши ноҳиявии Осорхонаи давлатии таъриху маданияти вилоят аз масканҳои муҳими омӯзиши таъриху фарҳанги ғаниву қадимӣ ба ҳисоб меравад.
 Ҳоким бо шароити маскан шинос шуд.
– Бинои осорхона ва мақбараи Махдуми Аъзами Косониро мувофиқи талаботи замон дар ҳамоҳангӣ бо корҳои бунёдкории соҳилҳои рӯд обод кардану азнав сохтан хеле муҳим аст, – гуфт ӯ зимни шиносоӣ бо корҳои иҷрошуда.
Таъкид шуд, ки дар 1,5 километр масофаи соҳили рӯди Косонсой, ки аз маҳаллаи Янгиободи ноҳияи Тӯрақӯрғон ҷорӣ мешавад, 35 иншооти нави тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ бунёд шуда, 200 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.   
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»  дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: