Фармони Президент «Дар бораи чораҳои минбаъда ҷиҳати густариши робитаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ» қабул гардид.
Тибқи фармон, ба ҷадвали штатии сафоратхонаҳои Ӯзбекистон дар давлатҳое, ки дар замимаи фармон муайян шудаанд, иловатан вазифаи мушовир оид ба масъалаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ ворид карда мешавад.
Ин вазифа бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамоҳангсозии ташаббусҳои Ӯзбекистон дар соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ дар кишварҳои хориҷӣ ҷорӣ мегардад.
Таъйин ва озод кардани мушовир аз вазифа аз ҷониби вазири корҳои хориҷӣ бо пешниҳоди роҳбари департаменти иқтисоди креативӣ ва сайёҳии Маъмурияти Президент анҷом дода мешавад.
Мушовир ба роҳбари намояндагии дипломатӣ дар кишвари дахлдор итоат мекунад ва дар фаъолияти ӯ ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Мушовир ба роҳбари департаменти иқтисоди креативӣ ва сайёҳии Маъмурияти Президент ҳисобдор мебошад.