Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда: сохтор рақамӣ мегардад

Офатҳои табиӣ ва техногене, ки солҳои охир дар ҷаҳон рух медиҳанд, дар ин самт ташкил кардани чорабиниҳои ҳадафмандонаи профилактикӣ, омода намудани аҳолӣ ба ҳаракати дуруст дар ҳолатҳои фавқулодда, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи онҳо, инчунин, ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ, робототехника ва зеҳни сунъиро тақозо менамоянд.

Ҳоло 76 фоизи ҳолатҳои фавқулодда дар мамлакат ба ҳиссаи хонадонҳои аҳолӣ рост меояд. Ҳамчунин, 3925 маҳалла ва 79 шаҳру ноҳия ба гурӯҳи «сурх», яъне дорои эҳтимоли баландии рух додани вазъиятҳои фавқулодда ва сӯхтор дохил карда шудаанд.

Тақрибан 30 қонун ва санади зерқонунии соҳа кӯҳна гардидаанд. Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва сӯхтор танҳо дар 4 зина – ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва дар сатҳи иншоот амалӣ гардида, дар маҳалла ва хонадонҳои аҳолӣ ташкили чорабиниҳои бонизоми профилактикӣ роҳандозӣ нашудаанд.

Ғайр аз ин, амалиёти пешгӯӣ, мониторинг ва профилактика пурра рақамӣ нагардидааст. Бобати идора ва ҳамоҳангсозии нерӯю воситаҳо низ платформаи ягонаи иттилоотӣ вуҷуд надорад.

Низоми огоҳсозии аҳолӣ низ зинаҳои «ҷумҳурӣ – маҳаллӣ – локалӣ – иншоот»-ро пурра фаро нагирифтааст. Илова бар ин, 60 фоизи воситаҳои махсуси техникаи сӯхторхомӯшкунӣ ва наҷотдиҳӣ аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳна буда, ба талаби имрӯз ҷавобгӯ нестанд.

Маҳз бо мақсади ҳалли чунин мушкилоти соҳа Фармони Президент аз 20 октябри соли 2025 «Дар бораи ба зинаи сифатан нави рушд бардоштани соҳаи ҳифзи боэътимоди аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда» имзо гардид. Ҳадафи асосии он ҳифзи боэътимоди мардум ва минтақаҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, роҳандозӣ намудани профилактикаи самарабахш ва механизмҳои нави назорати давлатӣ, рақамисозӣ ва ташаккул додани таҷрибаи миллӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва равишҳои муосири илмиву техникӣ мебошад.

Дар асоси фармон ҷиҳати пешгирии саривақтии ҳолатҳои фавқулодда, кам кардани зарари онҳо, роҳандозии назорати пурзӯр, ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ, робототехника ва технологияҳои муосири рақамӣ дар соҳа вазифаҳои афзалиятнок муайян гардиданд. Инчунин, бо мақсади татбиқи чорабиниҳои мушаххас, барои зина ба зина амалӣ намудани тадбирҳои профилактикӣ заминаҳои ташкилӣ фароҳам оварда шуд.

Тасдиқи Консепсияи рушди низоми ҳифзи аҳолӣ ва минтақаҳо аз ҳолатҳои фавқулодда, иборат аз 11 вазифаи асосӣ, 9 самти афзалиятнок ва 19 мақсад, инчунин, Барномаи чорабиниҳои маҷмӯӣ оид ба куллан такмил додани бахши ҳифз аз ҳолатҳои фавқулодда, ки барои солҳои 2025-2027 пешбинӣ шудааст, аз ин ҷумлаанд.

Боз як санади муҳими соҳа, ки пеш аз ҳама ба таъмин кардани амнияти инсон ва бехатарии иншоот дар ҳолатҳои изтирорӣ нигаронида шудааст, қарори сарвари давлат «Дар бораи чорабиниҳои ташкилӣ оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти мақомоти ҳолатҳои фавқулодда» мебошад.

Дар асоси ин қарор, пеш аз ҳама низоми нав дар бораи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ гардида, вазифаҳои асосии роҳбарият ва ҳайати шахсии вазорат муайян ва баъзе масъалаҳои ҳамонанд бо ҳам ҳамоҳанг карда шуданд.

Инчунин, ҷиҳати ташкили чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ дар маҳаллаҳо чорабиниҳои мушаххас муайян гардиданд. Тибқи он дар 9008 маҳалла бо ҷалб кардани профессор-устодони 24 муассисаи таълими олӣ ва ташкилоти илмӣ хатари сар задани ҳолатҳои фавқулодда дар пояи илмиву техникӣ омӯхта мешавад. Дар асоси натиҷаҳо индикаторҳои хатар таҳия мегардад ва аз рӯйи он маҳаллаҳо ба гурӯҳҳои «сурх», «зард» ва «сабз» ҷудо карда мешаванд. Хонаводаҳои маҳаллаҳое, ки хатари сар задани ҳолатҳои фавқулодда зиёд аст (тоифаҳои «зард» ва «сурх»), дар асоси тамоюли «хонадонбайъ» омӯхта шуда, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда нақшаи чорабиниҳои профилактикӣ омода мегардад. Маҳз бо мақсади таъмини ташкили босамари кори инспекторон дар бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ва масканҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот хонаи хидматии «Муҳофизаи маҳалла» ташкил карда мешавад.

Дар санади дигари муҳими соҳа – қарори Президент «Дар бораи чораҳои рақамисозии соҳаи ҳифз аз ҳолатҳои фавқулодда ва рушди фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ» бошад, ба масъалаҳои рақамӣ кардани низоми ҳифзи аҳолӣ ва минтақаҳо аз ҳолатҳои фавқулодда, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои татбиқи имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва робототехника дар соҳа, созмон додани занҷираи ягонаи инноватсионии истеҳсоли маҳсулот ва хидматрасонӣ тавассути ҳамгиро намудани самтҳои таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибавию конструкторӣ диққати махсус дода шудааст.

Бо ин қарор вазифаҳои асосии минбаъда бобати рақамисозии ҳамаҷонибаи соҳа ва рушди фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ муайян гардиданд. Аз ҷумла, то 1 декабри соли 2028 тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва роҳҳалҳои рақамӣ сатҳи рақамисозӣ дар фаъолияти мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ба 60 фоиз расонида хоҳад шуд.

То соли 2030 ба 30 фоиз расонидани сатҳи маҳаллисозии маҳсулоти воридотии зарурии садамавӣ-наҷотдиҳӣ ва техникаи сӯхторхомӯшкунӣ дар назар аст. Илова бар ин, эҷоди маҳсулоти инноватсионӣ, рушди корҳои озмоишӣ-тадқиқотӣ, низоми арзёбии мутобиқат ва экспертизаи техникии сӯхтор дар соҳа боз ҳам такмил дода мешавад. Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ бобати мониторинг, пешгӯӣ ва профилактикаи корҳо, дар соҳа инфрасохтори иттилоотӣ офарида мешавад, ки аз таҳдидҳои киберӣ комилан ҳифз шудааст.

Ҳамчунин, то 1 декабри соли 2026 аз ҷониби гурӯҳи байниидоравии рақамӣ дар асоси талаботи ягонаи технологӣ комилан рақамӣ кардани соҳаи ҳифз аз ҳолатҳои фавқулодда муқаррар гардидааст. То 1 декабри соли 2027 бошад, беш аз 45 захира ва низомҳои иттилоотии марбут ба вазорату идораҳо ба платформаҳои иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҳамгиро хоҳанд шуд.

Дар ин маврид боз як нуктаро мебояд эътироф кард. Маҳз бо мақсади рушди илм ва инноватсия дар низом, Институти илмӣ-тадқиқотии мушкилоти ҳолатҳои фавқулодда ва амнияти сӯхтори Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҳамчун Институти илмӣ-инноватсионӣ ва озмоишӣ-тадқиқотии вазорат аз нав ташкил карда шуд.

Бо як сухан, ташаккули фарҳанги амният дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси масъулияти шахсии ҳар як шаҳрванд ва ҳамоҳангии амалҳо барои фароҳам овардани муҳити бехатар – кафолати асосии рушди устувор дар ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мебошад.

Хуршед СОТИЕВ,

муовини вазир, сарвари департаменти профилактикаи вазъиятҳои фавқулодда.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: