Тошканд: 3927 ҳолати худсарона азхуд кардани замин ошкор гардидааст

Яке аз вазифаҳои муҳими Оҷонсии кадастр анҷом додани чорабиниҳои назорати замин ва кадастр мебошад.

 Тавре ки маълум аст, дар солҳои охир дар кишвари мо дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Имрӯз мушкилиҳое мисли истифодаи ғайриқонунии замин ё худ ба таври қонунӣ сабти ном карда нашудани замин бо як муроҷиати шаҳрвандон ба оҷонсии мазкур ё Маркази хидматҳои давлатӣ ҳаллу фасл мегарданд.

Дар нишасти матбуотии навбатие, ки аз ҷониби Оҷонсии кадастр ва саридораи палатаи кадастри давлатии шаҳри Тошканд баргузор гардид, корҳои анҷомдодаи оҷонсӣ дар соли 2025 баррасӣ гардиданд.

– Имрӯз Агентии кадастр дар корҳои назоратии худ, аз қабили таъмини бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул, пешгирии худсарона азхуд кардани қитъаҳои замин, муайян ва бартараф кардани қонуншиканиҳои қонунгузории замин аз системаи иттилоотии автоматии «E-yer nazorat»-и таҳиякардаи агентӣ самаранок истифода мебарад, – гуфт сардори шуъбаи саридораи Палатаи кадастрҳои давлатии шаҳри Тошканд Б. Абдумаликов. –  Дар натиҷаи чорабиниҳои назорати замин ва кадастр, ки аз ҷониби Саридораи оҷонсии кадастри шаҳри Тошканд ва шуъбаҳои ноҳиявии он дар соли 2025 анҷом дода шуданд, ошкор карда шуд, ки дар 3927 ҳолат 61,3 гектар замин худсарона азхуд карда шудааст. Шумораи бештари қонуншиканиҳои замин дар ноҳияҳои Юнусобод (дар 417 ҳолат 9,6 га.), Сергелӣ (дар 455 ҳолат 9,1 га.), Мирзо Улуғбек (дар 392 ҳолат 5 гектар) ва Миробод (дар 375 ҳолат 1,5 га.)-и пойтахт ба қайд гирифта шудаанд.

Кормандони кадастр дар байни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро низ мебаранд, ки дар натиҷа он дар 2764 ҳолати қонуншиканиҳо 25 гектар замин ихтиёран бартараф карда шуданд.

Дар сурати сари вақт ҳал нашудани чунин ҷараёну ҳолатҳо, масъулони кадастр маҷбур мешаванд чораҳои иловагӣ андешанд, ки қадами навбатӣ ворид намудани даъво ба суд хоҳад буд.

– Имрӯз, ҳамаи хизматрасониҳо дар соҳаи кадастр тавассути Маркази хизматрасонии давлатӣ ва портали ягонаи интерактиви хизматрасонии давлатӣ (my. Gov. uz) ба таври қулай ва ошкоро пешниҳод карда мешаванд. Аз ин рӯ, барои тамос рафтан ба идораҳои кадастр талаб карда намешавад, – гуфт Б. Абдумаликов. –  Мо аз ҳар як ваҷаб замин бояд қонунӣ, оқилона ва мақсаднок истифода барем. Дар асри технологияи муосир пинҳон доштани ҳолатҳои вайронкунии қонунҳои замин имконнопазир аст. Қонунгузории мо чораҳоеро барои худсарона азхуд кардани замин ва оғоз намудани корҳои сохтмони ғайриқонунӣ дар он, аз ҷавобгарии маъмурӣ то ҷиноӣ пешбинӣ мекунад. Мо аз шаҳрвандони худ хоҳиш мекунем, ки агар бо мушкилиҳои кадастр рӯ ба рӯ шаванд, на ба «миёнаравҳо», балки ба ҳафтгонаи маҳалла ё агентии хидматрасонии давлатӣ муроҷиат кунанд.

Н. Нодирова, хабарнигори «Овози тоҷик»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: