Халқи пурдидаи мо дар ҳар давру замон омӯзгорро гиромӣ доштааст, чунки дар тарбияи насли ҷавон нақши мураббӣ ва омӯзгор басе муҳим аст. Рӯ меоварем ба пандҳои бузургон, ки дар васфи муаллим фармудаанд:
Ҳар кӣ аз устод гурезад дар ҷаҳон,
Ӯ зи давлат мегурезад, ин бидон!
(Ҷалолиддини Балхии Румӣ).
Дар тӯли солҳои истиқлолият дар шаҳру деҳоти кишвари мо барои муассисаҳои таълими томактабию мактабӣ биноҳои нави замонавӣ қомат рост мекунанд, бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин мегарданд, ки ин маънои шароити мусоид фароҳам овардан ба тарбия ва таълими насли ҷавонро дорад. Доири ин мавзӯъ ва сабақи падараш мо бо мулоҳизаҳои муаллими синфҳои ибтидоии мактаби хусусии байналмилалии хориҷии шаҳри Тошканд Лобар Қӯлдошева шинос шудем.
— Ба тарбияи фарзанд ва интихоби касб, албатта, муҳити оилавӣ аҳамияти калон дорад. Падару модарам ҳар ду омӯзгор, инсонҳои маърифатпарвар. Ба ахлоқ, рафтору гуфтор ва донишомӯзии мо – фарзандон эътибори ҷиддӣ медоданд, — мегӯяд Лобар.
— Дар оғози суҳбат мехостем барои хонандагон чанде аз хотироти худро дар бораи падари шодравонатон Хӯҷамурод Қӯлдошев нақл мекардед, ки солҳои тӯлонӣ дар «Овози тоҷик» адои вазифа намудааст.
— Сипос ба шумо. Шоире дар васфи падар гуфтааст:
Касе к-ӯ надорад нишон аз падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар.
Ҳар лаҳза падари азизамро ба ёд оварам, чеҳраи кушоди хандон, чашмони пурнури хирадманду дурахшон ба назарам падидор мегардад. Бале, падарам аввалин омӯзгор ва табиятгари мo — фарзандонашон ҳастанд.
Мo дар муҳите бузург мешудeм, ки дар он танҳо меҳру муҳаббат, осоиштагӣ, хушу хурсандӣ, эҳтироми якдигар ҳукмфармоӣ мекард. Дар муҳити илму фарҳанг, китобу дониш, шеъру мусиқӣ бузург шудeм.
Ёд дорам, падарам айёми кӯдакиамон шабона рӯи ҳавлӣ баромада ситораҳоро нишон медоданду номҳои онҳоро ба мо мегуфтанд ва ҳар яки мо ситораи худро интихоб мекардем.
Падарам китобхонаи бузург доштанд, китобҳои зиёд оид ба забон ва адабиёти тоҷик, асарҳои классикони форсу тоҷик ва ҷаҳон, осори мунтахаботи илмӣ ва адабӣ бо забонҳои гуногуни ҷаҳон.
Мо бо падарам китоб мутолиа мекардем. Падар дар ҳар як чизи одӣ зебоиро медиданд, тулӯъ ва фурӯғи офтоб, аввали фасли баҳор, айёми тираи тирамоҳ, барфи сафеди зимистон…
Аз кӯдакиамон падарам ба мо тамоми гӯшаҳои ватанамонро шиносонида, аз таърихи ниёгонамон бо меҳру муҳаббат нақл мекарданд ва ин меҳр ба диёри азизамон дар диламон абадзинда аст.
Хусусан, сафарҳои мо ба зодгоҳи падарам – Бухоро хеле хотирмон мегузашт.
— Устод — падаратон як шахси одӣ будаанд…
— Бале, шахсияти падарам ҳамчун як инсони одӣ ва зиндагиномаи қаҳрамононаи эшон боиси омӯзиш аст. Бобоям низ зиёӣ, як шахси маърифатпарвар будаанд.
Падарам дар оила падари пурмеҳру шавҳари меҳрубон буданд. Агар аз ҷиҳати инсони одӣ буданашон назар кунем, инсони бениҳоят хоксор, некбину софдил буданд. Дилашон ба ҳама боз буд, ҳамаро бо як чашм медиданд. Шахси хайрхоҳ, инсонпарвар, кӯмакашонро аз ҳеҷ кас дареғ намедоштанд. Бо сухани нек рӯҳбаланд мекарданд, ба ояндаи нек умед мебахшиданд.
Боре яке аз дӯстонашон аз падарам пурсид, ки чӣ гуна одамон ба шумо писанданд? Дар ҷавоб падарам гуфтанд:
«Одамони софдил, одамоне, ки сираташон чун сураташон ба ҳама намоён аст. Ин тоифа одамон зудбоваранд ва аз ин баъзе ашхос сӯиистифода мекунанду ба онҳо зиён ҳам мерасонанд. Аммо зудбовар будану хато кардан аз маккорӣ болост. Маккорӣ бисёр хислати нафратовар аст». Чунин хислатҳои неки инсониро дар ҳикояву саргузашт ва тарҷумаҳои худ хеле моҳирона дарҷ намудаанд. Ёд дорам, дар хонаи падарам адибон, шоирон, нависандагон, ҳамдеҳагон ё корафтодае зуд-зуд меҳмон мешуданд. Аз таъриху фарҳанги ниёгон, ҳаёти инсонҳои ибратпазир нақл мекарданд, ҳикояву ривоятҳо мегуфтанд.
— Падарро чун ходими «Овози тоҷик» чӣ гуна медидед?
— Бале, падарам солҳои тӯлонӣ корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» буданд. Соли гузашта бо ибтикороти кормандони «Овози тоҷик» китоби падарам бо номи «Бо ӯ, вале танҳо» рӯйи чопро дид, ки барои фарзандон армуғоне аз падар гардид. Ба кормандони рӯзнома аз номи оилаамон миннатдорӣ изҳор менамоям.
Падарам аз ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро буданд, модарам аз ноҳияи Риштони вилояти Фарғона. Ҳар ду факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро хатм кардаанд.
Қиссаи муҳаббати якдигарро то ҳол модарам нақл мекунанд ва мегӯянд, ки чунин аҳду паймон ва ишқи поку самимӣ, фикр мекунам, дар байни ҷавонони имрӯза ниҳоят кам вомехӯрад. Падарам солҳои тӯлонӣ ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон адои вазифа намудаанд. Солҳои 1976-1977 кӯдакии ман дар он ҷо гузаштааст, ки он қадар дар ёд надорам.
***
Лобар Қӯлдошева моҳи апрели соли 1973 дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона дида ба дунё кушод. Дар синни ҳафт ба остонаи мактаби миёнаи рақами 27-уми ноҳия қадам ниҳод. Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон супорид ва хушбахтона, донишҷӯ гардид. Лобар байни талабагони донишгоҳ бо дониш ва хулқи намунавии худ ангуштнамо буд. Дар чорабиниҳои маънавию маърифатии донишгоҳ фаъолона иштирок мекард. Вай бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус донишгоҳро бо муваффақият ба охир расонд.
Лобар фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби миёнаи рақами 34-уми шаҳри Бухоро ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти рус оғоз намуд. Соли 1970 бо тақозои тақдир оилаи онҳо ба шаҳри Тошканд кӯч баст. Лобар дар тӯли солҳои 1994-2022 дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти рус, хидматчии ҳарбӣ, инспектори шуъбаи кор бо кадрҳо, методисти шуъбаи маънавият ва маърифати таълими халқи ноҳияи Олмазор кор кард.
***
— Падарам мегуфт, ки дар кадом ташкилот ва муассисае, ки меҳнат мекунӣ, ростгӯ, хушмуомила ва поквиҷдон бош. Аз ҳамкорони калонсол ибрат гир, ба хурдон намуна шав. Омӯзгор худ бо рафтору гуфтор ва дониш бояд намунаи оила, мактаб ва ҷамъият гардад.
Солҳои охир баробари дигар соҳаҳо дар самти таълими халқ ислоҳоти назаррас ба миён омаданд. Дар Қонун «Дар бораи таълим», ки соли 2020 қабул гардида буд, сохтор, шакл ва принсипҳои асосии давлатамон дар соҳаи таълим муайян карда шудаанд. Хусусан, содир гардидани фармони Президент дар бораи «Консепсияи рушди сохтори таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030» яке аз ҳуҷҷатҳои саривақтӣ мебошад, — мегӯяд Лобар.
— Оиди таълим дар мактабҳои хусусӣ, ки шумо кор мекунед, бо истифода аз технологияи навтарини инноватсионӣ маълумот медодед.
— Соли 2023 дар шаҳри Нижний Новгород (Русия), дар курси дарсҳои иммерсивӣ бо истифода аз технологияҳои воқеияти виртуалӣ (VR) таҳсил намудам ва соҳиби сертификат шудам. Ҳамчун кумаки башардӯстона барои мактабҳои Бухоро ва Тошканд айнакҳои виртуалӣ (беш аз 130 маҷмӯъ) ройгон тӯҳфа карда шудааст. Шогирдони ман дар озмунҳои байналхалқии «Бачаҳои иқтидорноки Ӯзбекистон» ва «Уқоби тиллоӣ» ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Мақсади ман ба шогирдонам фаҳмондани он аст, ки дониш ва таҳсил тамоми дарҳоро мекушояд. Ба онҳо имконият медиҳад, ки ба беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дохил шуда, бо шахсони фаъолу донишманд шинос шаванд. Ҷаҳонро бинанд ва сифатҳои роҳбариро дар худ ташаккул диҳанд. Дар роҳи зиндагӣ бо омӯзгорони зиёде вохӯрдам, ки дар дилам муҳаббат ба омӯзиш ва азбар намудани забонҳоро бедор карданд. Ба шарофати ин, имрӯз ба 5 забон ҳарф мезанам. Матонат ва ҳавас ба дониш ҳеч гоҳ ҳудуд надорад. Бовар дорам, ки дониш ва таҷрибаи ман шогирдонамро ба мақсадҳояшон мерасонад ва омода ҳастам ҳамаи малакаҳои заруриро ба онҳо омӯзонам.
Суҳбаторо Саодат Бекназарова, хабарнигори «Овози тоҷик».