Президенти Ӯзбекистон ба Покистон рафт

  • Президенти Ӯзбекистон ба Покистон рафт
  • Президенти Ӯзбекистон ба Покистон рафт
  • Президенти Ӯзбекистон ба Покистон рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф 5–феврал бо сафари давлатӣ ба ин кишвар рафт.

Тавре хабар дода будем, дар шаҳри Исломобод музокироти сатҳи олӣ ва ҷамъомади якуми Шӯрои ҳамкории стратегӣ доир мегардад.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Покистон баррасӣ мешаванд.

Дар анҷоми музокирот имзои Эъломияи муштарак ва маҷмӯи санадҳои назарраси дуҷониба дар назар аст.

Дар доираи барномаи тиҷоратии ташриф, иштироки Сарвари давлат дар форуми муштараки тиҷоратӣ ва дигар чорабиниҳо дар назар аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: