Президенти Ӯзбекистон муовини Сарвазири Покистонро қабул намуд

  • Президенти Ӯзбекистон муовини Сарвазири Покистонро қабул намуд
  • Президенти Ӯзбекистон муовини Сарвазири Покистонро қабул намуд
  • Президенти Ӯзбекистон муовини Сарвазири Покистонро қабул намуд

Пас аз расидани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иқоматгоҳи барояш ҷудошуда роҳбари давлати моро муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Исҳақ Дар истиқбол гирифт.

Дар мулоқоте, ки ҳамон ҷо баргузор гардид, Исҳақ Дар роҳбари Ӯзбекистонро бо рӯзномаи пурмуҳтавои чорабиниҳои дуҷонибаи банақшагирифташуда шинос кард.

Президенти Ӯзбекистон саҳми бузурги вазирро дар ташкили сафари давлатии феълӣ махсусан қайд кард.

Итминон изҳор гардид, ки музокироти сатҳи олӣ дар доираи ин сафар ва ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамкории стратегӣ ба муносибатҳои ӯзбекистониву покистонӣ ҳамчун шарикии стратегӣ мазмуни нави амалӣ мебахшанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: