Дар кишвар барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд кардани содирот чораҳои зиёд амалӣ мегарданд.
Бо вуҷуди ин, дар қонунгузории амалкунанда ӯҳдадорӣ ва масъулияти субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати истеҳсоли доимии маҳсулоти бехатари ғизоӣ ба таври мушаххас муайян нашудааст.
Ин нукта зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи амнияти маҳсулоти хӯрокворӣ» дар ҷаласаи умумии Сенат таъкид гардид.
Раиси кумитаи Сенат Анвар Тӯйчиев зикр намуд, ки низоми таъмини амнияти маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ нест. Дар натиҷа, ҳолатҳои бемориҳо ва заҳролудшавӣ вобаста ба истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ ба мушоҳида мерасанд.
Ин вазъият зарурати таҳкими назорат дар соҳа ва такмили қонунгузориро ба миён меорад, то ки принсипҳои умумии амнияти маҳсулоти ғизоӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муайян карда шаванд.
Қонун принсипҳои асосии таъмини амнияти маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа мушаххас менамояд.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии муносибатҳо дар соҳаи амнияти маҳсулоти хӯрокворӣ таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба амнияти маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинӣ шудааст.
Тартиби таҳия ва татбиқи чораҳои санитарӣ, қоида ва меъёрҳои марбут ба амнияти маҳсулоти хӯрокворӣ бо талаботи Созишнома оид ба татбиқи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Қонуне, ки аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд, ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти бехатари ғизоӣ, таҳкими назорати давлатӣ дар соҳа, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда, афзоиши ҷозибаи сармоягузорӣ ва ҳаҷми содирот дар соҳаи озуқаворӣ хизмат хоҳад кард.
Н. Абдураимова,
Ф. Абдурасулов (акс), ӮзА