Президенти Ӯзбекистон бо раҳбари ширкати «Engro Group» нақшаҳои ҳамкориро баррасӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар идомаи чорабиниҳои корӣ дар доираи сафари давлатӣ ба Покистон бо раиси ширкати «Engro Group» Аҳсан Зафар Сайид мулоқот гузаронд.

Ширкат дар таъмини амнияти энергетикии Покистон саҳми назаррас дошта, дар соҳаҳои энергетика, нафту кимиё ва кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ дорад.

Дар ҷараёни суҳбат Президенти мо иштироки ширкатро дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи саноати кимиё ҷонибдорӣ намуд. Ҳамчунин, барои шарикӣ дар рушди чорводорӣ ва таъмини маҳсулоти чорво мавҷуд будани иқтидори бузург таъкид гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: