Президенти Ӯзбекистон бо роҳбари ширкати “Go Group” мулоқот анҷом дод

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи форуми тиҷоратии Ӯзбекистон – Покистон, ки дар Исломобод доир гардид, бо директори иҷроияи ширкати «Go Group» Дур Муҳаммад Аюб мулоқот анҷом дод.

Корхона дар соҳаҳои истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквории Покистон пешсаф мебошад.

Нақшаҳои ширкат оид ба таъсиси агрокластер дар минтақаҳои Ӯзбекистон, ки тамоми занҷираи коркарди пурраи маҳсулоти чорводориро фаро мегирад, дастгирӣ карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: