– Дар солҳои охир дар Ӯзбекистон ислоҳоти ҷиддӣ барои беҳтар намудани сифати идоракунии давлатӣ ва осон кардани хидматрасонӣ ба аҳолӣ амалӣ мегардад.
Ҳадаф аз ин ислоҳот кам кардани расмияти зиёдатӣ, бартараф намудани бюрократизм ва бунёди низоми хидматҳои давлатӣ мебошад, ки ба манфиати инсон нигаронида шудааст. Имрӯз мардум интизор аст, ки хидматро бе саргардонӣ, дар мӯҳлати кӯтоҳ, бо шароити қулай ва шаффоф, ҳатто аз дур (онлайн) дарёфт намояд, – гуфт зимни суҳбат сарвари Маркази хидмати давлатии ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Абдухолис Расулов.
– Ташаккули чунин низом дар якчанд самт пеш меравад, – суханашро идома дод ӯ. – Инҳо: таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори «Як равзана» тавассути марказҳои хидматрасонии давлатӣ, рақамигардонӣ ва пайваст намудани пойгоҳҳои додаҳо барои гирифтани маълумот бе талаб кардани ҳуҷҷатҳои такрорӣ аз шаҳрванд ва баланд бардоштани фарҳанги хидматрасонӣ.
Доири марказҳои хитматрасонии давлатӣ чандин фармону қарорҳо қабул гардидааст. Яке аз санадҳои калидӣ дар ин раванд Фармони Президент аз 20 апрели соли 2022 мебошад. Ин Фармон ба содагардонии тартиби пешниҳоди хидматҳои давлатӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва рушди минбаъдаи низоми миллии хидматрасонӣ равона гардидааст. Дар ҳуҷҷат вазифаҳо ҳамчун сиёсати ягонаи давлатӣ муқаррар мешаванд: таҷдиди низоми меъёрҳои ҳуқуқӣ, мувофиқ гардонидани қоидаҳо ба принсипҳои маъмурияти муосир ва ташкили хидматҳо бо усули «як равзана».
Моҳияти Фармон ва Муроҷиати Президентро метавон дар чанд нукта ҷамъбаст кард. Аввалан, ҳадаф гузошта шудааст, ки санадҳои меъёрие, ки низоми хидматрасониро танзим мекунанд, аз нав инвентаризатсия ва низоми муайян дошта бошанд, то шумора ва мураккабии онҳо кам гардад. Дуюм, дар санадҳо принсипҳои муҳиме таъкид мегарданд, ки додани имконият ба муроҷиаткунанда барои ислоҳи хато дар раванди баррасӣ, пешгирии расмиятчигии зиёдатӣ ва инчунин густариши пешниҳоди хидматҳо новобаста аз ҷойи зист ё ҷойгиршавӣ. Сеюм, равандҳои байниидоравӣ бояд ба дараҷае ташкил шаванд, ки маълумоти дар дасти давлат мавҷуд буда, дубора аз шаҳрванд талаб карда нашавад. Ин маънои густариши ҳамкории рақамӣ, истифодаи платформаҳои «ҳукумати электронӣ» ва стандартизатсияи табодули маълумотро дорад. Маҳз ҳамин тадбирҳо замина мегузоранд, ки хидматҳо аз «коғазбозӣ» ба низоми электронӣ ва хидматрасонии босуръат гузаранд.
— Татбиқи сиёсати нав танҳо бо санадҳои ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Онро инфрасохтори муассир ва муносибати хидматрасон иҷро мекунад. Дар ин ҷода марказҳои хидматрасонии давлатӣ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Онҳо ба шаҳрвандон ва соҳибкорон имкон медиҳанд, ки хидматҳои гуногунро дар як нуқта, бо тартиби содда ва бо назоратпазирии раванд дарёфт намоянд, – мегӯяд Абдухолис Расулов.
Бинои нави Маркази хидматрасонии давлатии ноҳияи Нурато соли 2019 ба истифода дода шудааст. Бино бо техникаву технологияи муосир таҷҳизонида шуда, шароит ва имкониятҳои васеъ барои хидматрасонӣ ба аҳолӣ ва соҳибкоронро дорост. Дар он равзанаҳои хидматрасонӣ, майдонча барои кӯдакон, толори интизорӣ ва ҷевони пур аз китоб барои мутолиа мавҷуд. Бинои кӯҳнаи марказ ҳамагӣ 2-3 хонача дошт. Марказ агар дар давоми соли 2018 ба 12 ҳазор нафар аҳолӣ ва соҳибкорон хидмат кард.
– Дар рӯйихати хидматҳои серталаби соли 2025, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо, — чунин самтҳо бештар ба назар расидаанд: бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуҷҷатҳои кадастр, додани имзои электронии рақамӣ, ҷойгиркунии кӯдак ба муассисаҳои таълими томактабии давлатӣ, бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, муроҷиатҳо вобаста ба нафақа ва субсидияҳо, ҳамчунин хидматҳо вобаста ба шиноснома ва шаҳодатномаи ронандагӣ. Татбиқи навбати электронӣ, пешниҳоди ариза онлайн ва имкони пайгирии ҳолати хидмат аз дур, вақт ва хароҷоти шаҳрвандро сарфа карда, шаффофиятро таъмин мекунад.
Дар Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис ва аҳолии ҷумҳурӣ як қатор вазифаҳои афзалиятнок зикр гардидаанд.
Дар баробари ислоҳоти соҳаи хидматрасонии давлатӣ, сиёсати умумии давлатӣ низ ба он равона шудааст, ки натиҷаи ислоҳот дар зиндагии ҳаррӯзаи мардум эҳсос гардад. Дар шумораи 104-и рӯзномаи «Овози тоҷик» (27 декабри соли 2025) матни Муроҷиатномаи Президент оварда шудааст. Дар Муроҷиатнома таъкид мегардад, ки самараи ислоҳот бояд дар ҳар маҳалла, ҳар хонавода ва ҳар инсон намоён шавад ва таҷрибаи табдил додани ислоҳот ба натиҷаи амалӣ тақвият ёбад.
Ин паём аз нуқтаи назари хидматрасонии давлатӣ хеле муҳим аст. Низоми хидматҳо низ маҳз дар маҳалла ва оила «санҷида» мешавад. Ҳамин тавр, муносибати «давлат бо мардум» дар хидматрасонӣ ба шакли равшан таҷассум меёбад.
Низоми муосири пешниҳоди хидматҳои давлатӣ бояд равандро барои шаҳрванд равон ва осон кунад. Одатан, шаҳрванд метавонад аз ду роҳ муроҷиат намояд: якум, тавассути портали интерактив ва хидматҳои онлайн ва дувум, бо ҳузур дар Маркази хидматрасонии давлатӣ. Дар ҳар ду ҳолат меъёр бояд як бошад, яъне маълумоти талабшуда – ҳадди ақал, мӯҳлат – муайян, натиҷа – назоратпазир.
Технологияҳои рақамӣ дар ин ҷо нақши калидӣ доранд: имзои электронии рақамӣ, навбати электронӣ, пардохтҳои онлайн, пайгирии ҳолати муроҷиат ва гирифтани ҷавоб ба таври электронӣ. Муҳим он аст, маълумоте, ки дар пойгоҳи давлат мавҷуд аст (мисолан, маълумоти кадастр, сабти аҳолӣ, маълумоти андоз ва ғайра), аз шаҳрванд дубора талаб карда нашавад, балки худи мақомот онро бо табодули байниидоравӣ дастрас намояд.
Принсипҳои асосии низоми ташаккулёбанда чунинанд: экстерриториалӣ (хидмат новобаста аз ҷойи зист), «як равзана», шаффофият, баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқи шаҳрванд. Дар баррасии муроҷиат бояд имкони ислоҳи хатоҳои техникӣ пешбинӣ шавад, то шаҳрванд ба сабаби як хато дар ариза аз хидмат маҳрум нагардад. Ин усул, аз як тараф, фишори маъмуриро кам мекунад, аз тарафи дигар, эътимоди мардумро зиёд менамояд.
– Бо вуҷуди ин ҳама пешрафт, – мегӯяд Абдухолис Расулов, – чанд масъала ҳанӯз ҳам диққати ҷиддӣ талаб мекунад. Дар баъзе минтақаҳо сатҳи дастрасӣ ба интернет ва саводнокии рақамӣ кофӣ нест. Ҳамоҳангсозии пойгоҳи додаҳо ва сифати маълумот на ҳамеша яксон аст, агар маълумот нодуруст ё куҳна бошад, хидмат низ суст мешавад. Фарҳанги хидматрасонӣ ва малакаи кармандон бояд ҳамқадам бо технология рушд кунад, зеро шаҳрванд на танҳо натиҷа, балки муносибати инсонӣ ва эҳтиромро низ интизор аст.
Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.