Фарзанд порае аз дил аст. Нури чашм, умеди фардо, идомаи номи инсон. Аммо бояд бо дард ва ростӣ бигӯем: фарзанд на бо қудрату ҷасорат, балки бо одобу ахлоқаш азиз мешавад.
Имрӯз бисёр вақт мебинем, ки вақте фарзанд хато мекунад, падару модар беандеша ҷониби ӯро мегиранд. Мегӯянд:
«Муаллим чаро ҷазо дод?»
«Чаро фарзанди маро сарзаниш кард?»
«Чаро ӯро аз синф берун кард?»
Аммо кам кас мепурсад: фарзанди ман чаро ба ин ҳолат расид?
Муаллим душмани фарзанд нест. Муаллим касест, ки дилаш барои тарбия месӯзад. Агар гоҳе сахтгирӣ мекунад, танбеҳ медиҳад, интизом талаб мекунад – ин на аз кина, балки аз муҳаббат ба ояндаи кӯдак аст. Муаллим фарзандро намезанад, барои паст задани ӯ ҷанг намекунад, ӯ кӯшиш мекунад, ки фарзанд гумроҳ нашавад, роҳи хато ба роҳи рост иваз гардад.
Вақте падару модар ба ҷойи ислоҳи фарзанд бо муаллим ҷанг мекунанд, дар дили кӯдак як андешаи хатарнок ҷой мегирад:
«Ман ҳамеша ҳақ ҳастам, ҳатто агар хато кунам ҳам».
Ин фикр оҳиста-оҳиста одобро мекушад, эҳтиромро нест мекунад ва масъулиятро аз байн мебарад.
Фарзанд танҳо дар он сурат инсон мешавад, ки ҳақиқатро бишнавад, хатоашро эътироф кунад ва аз он дарс бигирад. Ҳимояи беандеша муҳаббат нест – беадолатист.
Падару модар ва муаллим бояд як тан, як дил ва як роҳ бошанд. Он гоҳ фарзанд мефаҳмад, ки қонун ҳаст, одоб ҳаст, ҳадду марз ҳаст.
Зеро фардо ҷомеа ба фарзанди тарбиядодаи шумо баҳо медиҳад.
Фарзанди боодоб сарбаландии падару модар, заҳмати муаллим ва умеди ҷомеа аст.
«Фарзанд бо одобаш азиз аст» ва ин ҳақиқатро ҳеҷ чиз иваз карда наметавонад.
Миҷгона Хоҷаева,омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти умумии рақами 19-уми ноҳияи
Пастдарғами вилояти Самарқанд