«Дар мактаб як нафар хонанда будааст...»

Дар истгоҳ интизори мошин будем. «Дамас»-и рақами 450, ки пур аз мусофирон буд, наистода гузашта мерафт.

–  Духтарам, чашмонам хира, агар мошини рақами 450 ояд, нигоҳ доред, – илтимос кард пирамарде, ки дар чашмонаш айнаку дар дасташ асо дошт.
–  Албатта, – хотирҷамъ намудам ӯро, – ман ҳам «450»-ро интизор.
«Дамас»-и 450 омад. Дарро кушодам, то ки пирамард савор шавад.
–  Духтарам, ман ба қафо гузашта наметавонам, – гуфт пирамард.
Дидам, ки дар қафо ва назди дар яктогӣ ҷойи холӣ будааст. Ман ба қафо гузаштам. Пирамард назди дар нишаст. Дар дохили мошин асосан хонандагони синфҳои болоии мактаб буданд. Пас аз чанд истгоҳ як нафар бачаи дар қафонишаста хоҳиши аз мошин фаромадан кард. Пирамард бо азобе аз мошин фаромада, ба ӯ роҳ дод. Боз мошин ба роҳ даромад. Лекин ҷавонони дар паҳлӯи пирамард нишаста шояд ғарқи телефон буданд ё азоби пирамардро дарк намекарданд, ки бепарвоёна менишастанд. Пас аз чанде боз як ҷавонзан мошинро боздошт. Боз пирамард ба ӯ роҳ дод. Ниҳоят, сабр карда натавониста, аз ҷавонписарон хоҳиш намудам, ки бо бобо ҷояшонро иваз кунанд. Онҳо зуд ҷой доданд. Бобо назди тиреза баҳузур нишаста, ба қафо нигариста гуфт:
–  Раҳмат, духтарам, барака ёбед. 
То ба манзил расидан бо бобо суҳбат оростем. Вай гуфт: – Мо фарзандонамонро ба мактабҳои русиву англисӣ мондему маданияти ғарб ба мо омад. Одобу ахлоқи шарқона аз байн рафта истодааст.
Рӯзе ба чорабиние ҳамчун нуронии маҳалла маро ба мактаби худам таҳсилгирифта, ки ҳоло намуди замонавӣ гирифтааст, таклиф карданд. Рафтам. Омӯзгорону хонандагон ҳама саросема буданд. Якдигарро тела додаву ба ҳамдигар роҳ надода, шитобкорона мерафтанд. Тадбир хеле зебо гузашт. Барои таълими бачаҳо имкониятҳо фаровон, вале, тарбия...
Дар охири чорабинӣ директори мактаб дар ҳаққи ман суханҳои зебо гуфта, пурсид:

–  Муллоамак, баромади бачаҳо ба шумо маъқул шуд? 

Ӯ дар бораи муваффақиятҳои шогирдонаш сухан ронда, аз ман таъриф шуниданӣ буд.
–  Дар мактаб як нафар мехондааст, – гуфтам ман. – Аз дарвозаи мактаб даромадам, фақат як нафар хонанда ба ман салом доду халос...

Дилрабо НАСИМӢ. Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: