Ҳаёти инсон аз пастиву баландиҳо иборат мебошад. Яъне мо дар ин нимароҳи зиндагӣ ҳамеша хушбахтона зиста наметавонем.
Гоҳе ба сари инсон ташвиш, мушкилоти зиёде меояд. Мо баъзе одамонеро, ки дӯсти ҷонӣ мешуморидем, дар ин хел ҳолат ҳатто сояи онҳоро ёфта наметавонем. Албатта, ҳамаи одамон ин хел нестанд, лекин дар ҷамъияти мо ҳамин тавр одамон ҳастанд, ки барои манфиати худ ба мо наздик мешаванд, худро мисли дӯсти ҷонӣ намудор мекунанд. Инсон аз рӯзҳои вазнине, ки бар сараш меояд, бояд ғамгин нашавад. Офаридгор сабри моро месанҷад, инчунин сирати баъзе бародарони сохтаи моро нишон медиҳад. Имрӯзҳо торафт дар миёни мардум меҳру муҳаббат кам шуда истодааст. Мутаассифона, ҳама чиз бо пул, молу дунё чен карда шуда истодааст. Рӯзгоре хонаҳо аз лою дилҳо аз тилло буд, имрӯз хонаҳо аз тилло шуду дилҳо аз санг. Чизу чора зиёд, аммо оромӣ гум шуд. Намудҳои соат зиёд шуданд, вале вақт — кам. Аввал рӯзҳо барака дошт, имрӯз бо як мижжа задан гӯё рӯзат ба охир мерасад. Пештар инсонҳо корҳои хайр мекарданд, имрӯз барои худнамоӣ хайру эҳсон мекунанд. Мо бояд ба қадри ҳар як лаҳзаи умри худ бирасем. То имконамон ҳаст ба касони эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз кунем. Бештар бо иҷрои корҳои савоб машғул шавем, илм омӯзем, аз паи орзуву мақсадҳои худ ҳаракат намоем. Зеро хушбахтона зистан дар дасти ҳар яки худамон аст.
Касе, ки ба дониш барад рӯзгор,
На ӯ боз монад, на омӯзгор.
Ҷаҳонро бо дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Чаросхон Ҳамробоева,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Бухоро.