Китоб – манбаи дониш ва хирад

Китоб бузургтарин ва нодиртарин бозёфти инсоният аст, ки он беҳтарин сарчашмаи олами маърифат ва хирад мебошад. Маҳз китоб инсонро ба фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш, рушду нумӯи маънавияти волову худшиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ мекунад.

Маҳмуди Тарзӣ оиди аҳамияти китоб фармудааст:

Илму фан набвад, агар набвад китоб,
Ҷаҳл бигрезад, чу пайдо шуд китоб.

Нависандаи рус Максим Горкий дар васфи китоб навиштааст: «Китобро дӯст доред, китоб ҳаёти шуморо сабук мегардонад, барои пайдо кардани сари фикру андеша ва ҳодисаҳои сарбаста дӯстона кумак мекунад, ба шумо эҳтиром кардани инсон ва худи шуморо меомӯзонад, ақлу дили шуморо бо ҳисси муҳаббат ба олам ва инсоният пару бол мебахшад». Дар ҳақиқат, тамоми зиндагии инсоният дар китобҳо дарҷ шудааст: халқҳо, давлатҳо нест шуданд, вале китоб боқӣ монд. Юсуф Хос Ҳоҷиб дар китоби «Қутадғу билиг» ин хусусияти китобро хуб шарҳ додааст:

Тожиклар китобда битишган буни,
Битигда бӯлмаса ким ӯқар уни.

Яъне, тоҷикон инро дар китоб навиштаанд, агар навишта намешуд, онро кӣ мехонд?
Дар мамлакати мо ба китобдориву китобхонӣ беш аз пеш эътибор дода мешавад. Мунтазам мусобиқоти «Китобхони сол», «Оилаи китобхон», Навоихонӣ, байни толибилмони мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Навоӣ ва Ҷиззах маҳфили «Хирадманд» ва дар маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои зиёд оиди китобхонӣ гузаронида мешаванд.
Қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо ҷиҳати рушди фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани шавқи аҳолӣ ба мутолиаи китоб» қабул гардид.
Гуфта мешавад, ки мақсади асосии қабули қарор дар солҳои 2026-2030 баланд бардоштани нишондиҳандаи сатҳи китобхонии аҳолӣ мебошад, яъне ба 10 китоб расонидани шумораи миёнаи китобҳои мутолиакардаи як нафар дар як сол.
Қарори мазкур ба раванди китобхонӣ такони амиқ мерасонад. Имрӯз ҳар як роҳбар ва тарбиячиёну омӯзгорон бояд бештар ба китобхонӣ руҷӯъ кунанд, то намуна ба насли наврас бошанд. Имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ ду масъалаи муҳим бояд ба хубӣ роҳандозӣ шавад: аввал, толибилмонро аз телефонҳои мобилӣ дур кардан, сониян, ҷалби хонандагон ба китобхонӣ мебошад. Дар ҳар як муассисаи таълимӣ марказҳои ахбор ва китобхона вуҷуд дорад. Ҳар як нафар шогирди муассисаҳои таълимӣ бояд дарк кунад, ки:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Ҳар кас эҳсос намояд, чунон ки Д. Эдисон фармудааст: «Мутолиа барои фикрронӣ, ҳамчунонест, ки тарбияи ҷисмонӣ барои бадан».

Имрӯз дар кӯчаи ба номи Маҳмуд Торобии шаҳри Навоӣ бунёди бинои сеошёнаи Маркази ахбор ва китобхонаи нав дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Ҳокими вилоят Нормат Турсунов барои шинос шудан бо ҷараёни сохтмон ташриф овард. Корҳои пардоздиҳии дохили бино анҷом меёбанд. Бинои нави китобхона дар як вақт 230 нафар китобхонро қабул мекунад. Дар бино барои китобхонони имконияташон маҳдуд низ ҳама гуна имконот ва шароит муҳайё карда мешавад. Дар марказ 171 ҳазор номгӯй китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таърихӣ ба дӯстдорони китоб пешниҳод карда мешавад. Ғайр аз ин, дар он ҷо китобхонаи электронӣ низ ба китобхонон хидмат мерасонад. Масъулони ширкати сохтмонии «Zarafshon best building» тасмим гирифтаанд, ки Маркази ахбор ва китобхонаро рӯзҳои наздик бо сифати баланд ба истифода супоранд. Ин аст боз як имконият барои китобхонон дар партави қарори Президент.

Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: