Падару модар - пояи зиндагӣ ва манбаи меҳру оромии инсонанд.
Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.
Оре, шоири хирадманд Асирӣ орзую умеди волидонро бисёр хуб инъикос намудааст. Ҳар як падару модар бо умеду орзуҳо, бо азобу машаққат фарзандро тарбия мекунад, шабҳои дароз дар назди гаҳвораи ӯ бедорхобӣ мекашад. Ҳар гоҳ, ки фарзанд бемор гардад, падару модар заҳмати дарди ӯро дар дил мекашанд, ғам мехӯранд. Фарзанд, ки роҳгардону сухандон гардид, завқ мекунанд. Падару модар барои саломатию хушбахтии фарзандон тайёранд бахту ҷони хешро нисор кунанд. Ба азобу ранҷи зиёди волидон фарзанд ба воя мерасад, оиладор мешавад, соҳиби касбу кор мегардад ва қадам ба ҳаёти мустақил мегузорад.
Китоби муқаддаси «Қуръон»- и шариф ба фарзандон мефармояд, ки падару модарро эҳтиром кунанд ва дӯст доранд, хидмати онҳоро ба ҷо оранд.
Дар сураи 17 чунин сабт гардидааст: «Ва фурӯ овар барои он ду боли тавозӯъро аз меҳрубонӣ ва бигӯ: Парвардигори ман, раҳмат кун он дуро, чунки онҳо тарбият кардаанд маро, вақте ки будам хурд».
Ба ҷо овардани эҳтироми волидон дар байни мардуми мо анъанаи неки таърихӣ гардидааст. Ҷавонон баробари донистани эҳтироми волидон, чун анъана эҳтироми тамоми калонсолонро ба ҷо меоранд. Ин бисёр фазилати хуб аст ва дастгирию ривоҷи он нигоҳ доштани номи неки халқу миллати бузургвори тоҷик аст.
Шоири хирадманди тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар боби эҳтироми падару модар чунин гуфтааст:
Падарро ақл дону нафс – модар,
Маёзор ин ду касро, эй бародар!
Ғамхорӣ дар ҳаққи волидон, ёрӣ расондан ва дастгирӣ кардан, номи неки онҳоро нигоҳ доштан қарз ва вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанд мебошад. Пеш аз ҳама ин қарзи инсонӣ аст, ки иҷрои он виҷдону ахлоқи ҳамидаи инсонӣ талаб мекунад.
Дар бораи эҳтироми падару модар Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» чунин фармудааст: «Бидон, эй писар, ки ранҷи падару модар хор надорӣ. Пас, ҳаққи падару модар агар аз рӯи дин нанигарӣ, аз рӯи хираду мардумӣ бингар, ки падару модар муштоқи некиву асли парвариши нафси туанд...»
Падару модарон муҳтоҷи эҳтирому дидори фарзандон мебошанд. Аз ин ҷиҳат фарзандон бояд зуд-зуд бо оилаи худ ба дидорбинии онҳо биёянд, дар кори рӯзгор ба онҳо ёрӣ расонанд, лозим бошад аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам дастгирӣ кунанд, то аз амали онҳо падару модар розӣ бошанд.
Хушбахтона, мардуми мо новобаста ба тағйироти даврон, душвориҳои зиндагӣ анъанаҳои неки эҳтироми самимӣ ва муҳаббати неки фарзандиро нисбат ба падару модар давом медиҳанд.
Собир Эргашев, омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.