Яке аз лоиҳаҳои бузурге, ки дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё амалӣ мегардад – сохтмони иншооти истиқоматӣ дар маҳаллаи Лутфкори мавзеи «Ӯзбекистони Нав» мебошад.
Пас аз омӯзиш ҳокими ноҳия Одилҷон Яъқубов, прокурори ноҳия Ботир Олтибоев бо иштироки масъулони дахлдор ва сохтмончиён дар доираи барномаҳои соҳаи сохтмон ва дигар лоиҳаҳо ҷараёни корҳои сохтмон, инчунин иҷрои вазифаҳои дар соҳа муайяншударо мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараён ахбори масъулони соҳа ва лоиҳаҳо шунида шуд.
Бо иштироки масъулони соҳаи сохтмон, дар соли 2026 масъалаи бунёд ва ба истифода супоридани 820 манзили истиқоматӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои сохтмон баррасӣ гардид. Ҳамзамон, тадбирҳо ҷиҳати таъмини сифати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ муайян гардиданд.
Дар анҷом, барои дар ҳар иншоот суръат бахшидани корҳои сохтмон, таъмини сифат, назорати иҷрои нақшаю ҷадвалҳо, инчунин риояи қатъии талаботи шаҳрсозӣ, экологӣ ва дигар меъёрҳои муқарраргардида дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Сурайё НОРМАНӢ.
Вилояти Сурхондарё.