ҶОМӢ ВА НАВОӢ: ЧАРОҒИ ТОБОНИ ДӮСТӢ

Ҳар боре сухан аз адабу фарҳанг ва муҳити адабиву фарҳангии нимаи дувуми асри XV Ҳирот меравад, пеши назарҳо дафъатан симои ду ситораи дурахшон, муҷассамаи бошукӯҳи хираду дониш, раҳнамои маъруфу машҳури адабиёту фарҳанги он давра, заҳматкашу ҷонфидои халқу миллат ва шахсиятҳои абадзинда – Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ва Амир Алишери Навоӣ (1441-1501), ки дувумӣ ба форсӣ низ шеър мегуфтаву аз худ ба форсӣ «Девони Фонӣ» ҳам ба мерос гузоштааст, пеши назарҳо ҷилвагар мешаванд.

Ба гуфти шоири бузурги муосири тоҷик Мирзо Турсунзода (1911-1977) «Дар Ҳироти асри понздаҳ олимон ва файласуфон, адибон, наққошони шаҳир ва ғайраҳо зиндагӣ ба сар мебурданд, лекин дар байни онҳо ду симои бузург, шоири бузурги ӯзбек Алишери Навоӣ ва мутафаккиру адиби тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ шукӯҳи Шарқи куҳанро меафзуданд». Ва ба қавли адабиётшиносони ӯзбекистонӣ Б.Валихоҷаев ва Ш.Шукуров «Номи ин ду ҳайкали азими адабиёти Шарқ рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ҳамкории наздики илмиву адабии онҳо» ба шумор меравад.
Доир ба муносибатҳои дӯстонаву робитаҳои гуногунпаҳлӯи эҷодии эшон, чи дар сарчашмаву маъхазҳои адабиву таърихии мавҷуда, чи дар тазкираҳо, чи дар осори илмии шарқшиносону адабиётшиносони ватаниву хориҷӣ ва зиёда аз ҳама дар нигоштаҳои илмиву бадеии ин ду устоди бузурги сухани асри XV, мулоҳизаҳову андешаҳои неку арзишманд ва созандаи зиёде нигошта шудаанд. 
Тибқи маълумоти итминонбахши худи Алишери Навоӣ дар «Хамсат-ул-мутаҳаййирин» шиносоии ӯ бо Ҷомӣ дар охирҳои салтанати Султон Абусаид (1451-1469) дар шаҳри Ҳирот рух дода буд. Ва пӯшида нест, ки нахустин лаҳзаҳои ин шиносоӣ ҳамоно дар маҳфил ва заминаи шеъру адаб ба вуҷуд омадааст.
Баъди ба сари ҳукумати Хуросон омадани Султон Ҳусайн Мирзо (1467-1507) ва ба корҳои маъмурии давлатӣ ҷалб шудани Навоӣ, ки бародари ширхораи Султон Ҳусайн буду ҳаққи додару бародари ширхораро доштанд, муносибати ин ду шахси бузурги замон, адибони барҷастаю шинохтаи давр шакли дигару наздиктареро мегирад. Доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, тараққию пешрафти илму адаб, ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давр ҳамфикру ҳамақида будани Навоӣ ва Ҷомӣ вобастагии онҳоро бештар менамояд. Зиёда аз ин барои як нафар ходими ҷавони давлатие чун Алишери Навоӣ, ки минбаъд то ба мансаби амирӣ расидаасту дар фаъолиятҳои эҷодӣ ва равнақи адабиёту санъат нақшаҳои бузурги зиёде дар пеш дошт, дар соҳаи илму адаби вақт ба роҳнамо ва мушовири тавоное эҳтиёҷманд буд, ки сазовори ин вазифа дар Ҳирот бешубҳа Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Мавлоно Ҷомӣ бошад, дар шахсияти дӯсти ҷавонаш Амир Алишери Навоӣ, аз нахустин рӯзҳои ошноӣ, як нафар ходими давлатии хирадманду тавоно, адиби донишманд, суханвари зуллисонайни бори ду адабиёт:  адабиёти тоҷикии форсӣ ва адабиёти ӯзбекиро бар дӯш дошта, шахси покниҳоду ҳақбин, хомии илму фарҳанги замон, инсони барҷастаи дар хидмати халқ ва ҳамқадами мардуми озодаи кишварро дарёфта буд.
Мавлоно Ҷомии инсонпарвару халқдӯст дар дарбор мансаб ва ҷоҳу мақоме надошта бошад ҳам, соҳиби эҳтироми хоса буд ва андешаҳои созанда ва мардумписандеро, ки барои осоиши халқу ободии кишвар дар  дил мепарварид, бештар тавассути Амири борою ҳуш амалӣ менамуд. Корҳои манфиатовар барои ҷомеа, ки аз тарафи Амир Алишер анҷом дода мешуд, бо кумакҳои беғаразонаю устоду маслиҳатчии фозилаш анҷом дода шуда, обрӯву эътибори Навоиро дар байни халқ меафзуд, дар ин бора ҷомишиносону навоишиносон навиштаю ишораҳои зиёде доранд.
Ҳатто, – менависад академик Абдулғанӣ Мирзоев, – бо гузашти вақту мурури замон эҳтирому садоқати Амир Алишери Навоӣ ба Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ то дараҷае қувват мегирад, ки ба устодию дӯстии якумрӣ мубаддал мегардад ва вай ба маслиҳатчии фозилаш «дасти инобат дароз намуда, ӯро (Ҷомиро) ба сифати пири тариқат – муаллими рӯҳонии худ мепазирад». (А.Мирзоев. Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ. Душанбе: Дониш, 1968). Яъне Амир Алишер бо таъсири Мавлоно Ҷомӣ ба фирқаи нақшбандияи тасаввуф, ки ба он дар Ҳирот устодаш сарварӣ менамуд, шомил мегардад. Ҳатто ишораҳое ҳаст, ки баъди ин муносибати эшон аз устодиву шогирдӣ ба падариву писарӣ табдил меёбад ва ҳар ду мададгори доимии ҳаёти моддиву маънавии якдигар мегарданд. Тавре адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ менависад: «Онҳо дар якҷоягӣ бо аҳли илму адаб ва ҳунари Ҳирот маҳфилҳои илмиву адабӣ барпо мекарданд, базмҳои шеър меоростанд, бо аксиягӯиву муаммокушоӣ вақти худу ҳамнишинонро хуш мекарданд, асарҳои тозаэҷодашонро дар байни худ қироат намуда, аз маслиҳату машваратҳои холисонаашон баҳраҳои эҷодӣ мебардоштанд, ба ҳамдигар кумакҳои моддиву маънавӣ расонида, шарики шодиву ғами ҳамдигар шуда буданд».
Тавре маълум аст, Алишери Навоӣ қобилияти баланди эҷодӣ дошт: ҳам ба забони модарӣ ва ҳам бо забони дарии тоҷикӣ. Мавлоно Ҷомӣ дар ташаккул додани адабиёти миллӣ ҳамеша хайрхоҳи Навоӣ буда, ба шогирд ёрии амаливу маънавӣ мерасонд. Дар шароите, ки адибони туркигӯй тоза ба арсаи эҷод қадам мениҳоданд, тавоноии Навоиро дар ин ҷода аз рӯйи ақли солим дида тавонистани Мавлоно Ҷомӣ иқдоми хайрхоҳона буд. Амир Алишер асарҳояшро, хоҳ ба забони чиғатоии ӯзбекӣ бошад, хоҳ ба забони тоҷикии форсӣ нахуст ба устод мехонд ва назари устодро мепурсид. Вақте Мавлоно Ҷомӣ достонҳои аввали «Хамса»-и Навоиро мехонд, ба завқ омада мегӯяд:
Ба туркизабон нақше омад аҷаб,
Ки ҷодудамонро бувад муҳри лаб,
Бибахшид бар  форсигавҳарон,
Ба назми дарӣ дурри назмоварон...
Чу ӯ бар забони дигар нукта ронд,
Хирадро ба мизонашон раҳ намонд.

Бояд гуфт, ки муносибати Амир Алишери Навоӣ ба адабиёту фарҳанги тоҷикии форсӣ баробар ва ҳатто бештар аз фарҳанги модариаш буд, ки ба ин «Девони форсӣ» баёнгари ҳол аст. Дар ин девон, ки шоир бо тахаллуси Фонӣ шеър гуфта, таъсири Мавлоно Ҷомӣ равшан мушоҳида мегардад. Танҳо дар «Девони форсӣ» ба беш аз 50 ғазал дучор меоем, ки дар татаббуъу пайравӣ ва назираву ҷавобияи ғазалиёти устод гуфта шудаанд. Ҷойи таъкид аст, ки мусобиқаи шеър ва пайравии шогирд ба устод ва умуман ба бузургони адабиёти тоҷикии форсӣ барои Навоӣ аз машғулиятҳои ҳамешагӣ маҳсуб мешуд. Мавсуф, дар баробари аз устод барои эҷоди асаре маслиҳатҳо пурсидан, дар пайравии «Ҳафт авранг»-и Мавлоно Ҷомӣ «Хамса» -и худ, дар пайравии қасидаҳои «Луҷҷат-ул-асрор» ва  «Ҷилоҳ-ур-рӯҳ»-и устод қасидаҳои «Туҳфат-ул-афкор»-у «Насим-ул-хулд», дар сабку нигориши «Баҳористон»-и Мавлоно «Маҳбуб-ул-қулуб»-и худашро эҷод менамояд ва ҳар кадомеро аз назари устод мегузаронаду баҳои баланд мегирад. Ба ин маънӣ, Навоӣ дар чанд ҷо аз ашъораш шикастанафсонаву хоксорона мегӯяд:
Шаҳиву рифъат агар орзу кунӣ, 
Фонӣ, Ғуломи Ҳофизу хошоки роҳи Ҷомӣ бош.

Ва ё: 
Ба оҳи ишқ агар мушкиле фитад, Фонӣ, 
Зи рӯҳи Ҳофизу маънии Ҷомияш ҷӯям.

Дар эҷоди бадеӣ зуллисонайнии Навоӣ борҳо таъкид гардидааст. 
Пеш аз ҳама худи ӯ дар ин боб мегӯяд:
Маънии ширину рангинам ба туркӣ беҳад аст,
Форсӣ ҳам лаълу дурҳои самин, гар бингарӣ.
Гӯиё дар раста бозори сухан бикшодаам,
Як тараф дуккони қаннодию як сӯ заргарӣ!

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам ғазалҳои ширу шакар, яъне дузабона дорад, ки маншаъ аз эҷодиёти туркии Навоӣ дониста мешавад, ки дар ин бора метавон саҳифаҳои зиёдеро рангин намуда, забон ширин кард.
Татаббуъи Навоӣ-Фонӣ ба Маҳдум (Мавлоно Ҷомӣ):
Соқӣ ҳаёт бахшад чун боди навбаҳорон, 
Чун абр рахти ҳастӣ каш  сӯйи кӯҳсорон. 
Хотир суханшунав кун, дафтар ба май гарав кун, 
Дар таври фақр нав кун ойини комгорон.
Бод аз Масеҳ дам зад, лола ба кӯҳ алам зад,
Хуш бод, к-ӯ қадам зад  он сӯ ба хайли ёрон...
Зуҳҳод шуд нишона дар меҳнати замона,
Аз бодаи муғона хушвақт майгусорон.
Будам ба рӯз хуррам  в-аз рӯзгор беғам,
Ку, ай рафиқи ҳамдам, он рӯзу рӯзгорон.
Фонӣ бувад ба шеван, к-аз даври чархи пурфан,
Ҳам дӯст гашт душман, ҳам ҷумла дӯстдорон!


Комилҷон ДӮСТОВ, мудири кафедраи забон ва 
адабиёти тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: