Ҳар сол оғози моҳи феврал дар доираи чорабиниҳои навоихонӣ тарғибу ташвиқи зиндагинома ва эҷодиёти ҳазрати Навоӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Фикр мекунам, барои боз ҳам амиқтар ошно намудани алоқамандони каломи бадеъ бо зиндагинома ва фаъолияти адабии шоир ва мутафаккири бузург Мир Алишер Навоӣ, ки ба ду забон эҷод кардааст, ҷамъоварии маълумоти бештар доир ба рӯзгори дар Самарқанд ба сар бурдаи ӯ айни муддаост.
Бино ба супориши Абусаид Мирзо Алишер Навоӣ аз Ҳирот ба Самарқанд меояд ва дар ин шаҳр як муддат умр ба сар мебарад. Он вақт ӯ 24 ё 25 сол дошт. Дар он рӯзгор Самарқанд низ яке аз марказҳои илмӣ ва адабӣ маҳсуб меёфт ва фазои маънавиаш шабеҳи фазои маънавии Ҳирот буд, яъне дар ин шаҳри бостонӣ низ адабиёт ба ду забон рушд мекард.
Устоду пири ҳазрати Навоӣ – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар ин шаҳри бостонӣ худро дар ғурбат ҳис накардааст...
Дар сарчашмаҳо қайд гардидааст, ки Навоӣ девони нахустинашро вақте дар хонаи яке аз олимони ин шаҳр – Файзуллоҳи Абулфайз ба сар мебурд, тадвин намудааст.
Баъзеҳо бар онанд, ки сатрҳои зерини мондагори ӯ, ки аз як ғазалаш интихоб шудаанд, дар гузари ҳунармандони ин шаҳр тавлид шудааст:
Камол эт касбким, олам уйидан санго фарз ӯлмағай ғамнок чиқмоқ,
Жаҳондин нотамом ӯтмак биайни эрур ҳаммомдин нопок чиқмоқ.
Тарҷумаи таҳтуллафзии байт: «Касби камол бинмо, фарз нест, ки ту аз хонаи олам ғамнок берун равӣ. Аз дунё нотамом даргузаштан мисли ин аст, ки аз ҳаммом нопок берун оӣ».
Шояд умқ пайдо кардани андешаҳои фалсафии Навоӣ ба муҳити адабӣ ва суҳбату мулоқотҳои ӯ бо уламою фузалои ин шаҳр иртибот дорад.
Бино ба баъзе фарзияҳо дояи Ҳусайн Бойқаро дар Сарой модари Алишер будааст ва гӯё ба якдигар унс гирифтан ва қаробат пайдо кардани онҳо аз ин ҷост.
Баъзеҳо натиҷа гирифтанд, ки гӯё солҳои таҳсили якҷоя бо Ҳусайн Бойқаро Навоӣ орзуи дар Самарқанд таълим гирифтанро ба ӯ иброз дошта будааст.Табиист, ки Ҳусайн Бойқаро ин хоҳишро бо камоли майл дастгирӣ мекард.
Агар ҳаёт ва фаъолияти адабии Навоӣ дар Самарқанд ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирад, бовар дорем, ки маълумотҳои нав ба нав дастрас хоҳанд шуд.
Саттор ШЕРМАТОВ.