Яке аз намудҳои дорои бештари мухлисони зиёди варзиш дар мамлакати мо маҳз футбол аст. Футбол басо бозии босуръат ва молики завқу шавқи тамошо мебошад.
Ҳоло таваҷҷуҳи муштариёни «Овози тоҷик»-ро ба он ҷалб мекунем, ки дар вилояти Фарғона ба рушди «бозии миллионҳо» яъне футбол то чӣ андоза аҳамият медиҳанд ва он чи паёмадҳои хубу назаррасеро ба бор овардааст.
Ёдовар бояд шуд, ки «Нефтчӣ»-и Фарғона пас аз танаффуси 24-сола қаҳрамони мавсими Суперлигаи Ӯзбекистон дар соли 2025 шуд. Он пеш аз муҳлат ҷоми қаҳрамониро ба даст овард. Даста соли 1992 ба лигаи олӣ баромадааст ва чор маротиба пай дар пай ба гирифтани номи чемпиони Ӯзбекистон ноил шудааст.
Дар назди дастаи «Нефтчӣ» академияи футбол ташкил шудааст. Ҳоло дар академия аз Украина дастпарвари мураббии маъруфи шуравӣ Валерий Лобановский – Игор Хими ба ҳайси директор ба кор даъват шудааст ва чор моҳ бештар аст, ки фаъолияташро оғоз бахшидааст.
Футболи Фарғона собиқаи тӯлонӣ дорад
Аввалин дастаҳои футбол соли 1912 дар Қӯқанд ва Фарғона арзи вуҷуд намудаанд. Баъдтар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Андиҷон дастаҳои футболи худро созмон додаанд.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар маросими ифтитоҳи академия иброз дошт, ки ба истифода супурдани маскани нави футбол барои ба қуллаҳои баланд расидани ҷавонон заминаи басо мусоид фароҳам хоҳад овард.
Мактаби футболи Фарғона ба як бренд табдил ёфтааст ва ин маҳз бо талошу кӯшишҳои собиқадорони футболи вилоят Тоҳир Кападзе ва Тимур Кападзе рӯи кор омадааст, ки чи дар гузаштаи наздик ва чи дар ҳоли ҳозир ҳарду обрӯи футболи вилоят ва кишварамонро боз ҳам афзун намудаанд.
Интизор меравад, ки академия дар рушди «бозии миллионҳо» аз худ нишонаҳои назаррас ва хидматҳои бузургеро анҷом хоҳад дод. Академия дар шафати роҳи калони Фарғона – Қувасой воқеъ гаштааст.
Ҳамеша майдони футбол бо наврасону ҷавонон банд.
Имкониятҳо хеле фаровонанд
Суҳбати ману директори академияи футболи Фарғона Равшан Мирзокаримов дар пеши рӯи бинои академия, дар назди тамрингоҳе сурат гирифт, ки як гурӯҳ наврасон он ҷо машғули футболбозӣ буданд.
– Лоиҳаи сохтумони Академияи футболи вилоят дар асоси таҷрибаи клубҳои пешбари футболи ҷаҳон таҳия шудааст. Аз се варзишгоҳ дутои он ба андозаи гуногун бо алафи табиӣ ва сунъӣ бунёд ёфтаанд. Аз ҷумла, яке аз варзишгоҳҳои он имкон медиҳад, ки бозиҳои тамринӣ ва назоратӣ ҳатто дар ҳар гуна шароити иқлимӣ ва обу ҳавои ноқулай низ баргузор карда шаванд, – иброз дошт Равшан Мирзокаримов.
Вай боз илова намуд, ки майдони регдори тамринии академия дар асоси таҷрибаи Бразилия сохта шудааст. Ин барои қавӣ шудани футболбозони ҷавон мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ шогирдони онҳо дар хобгоҳе ба сар мебаранд, ки барои 150 ҷой эъмор гардидааст ва аз тамоми шароити мусоид ва таҷҳизоти замонавӣ бархурдор мебошад. Таъкид гардид, дар доираи татбиқи вазифаҳое, ки қаблан аз ҷониби ҳокими вилоят ва ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Равшан Эрматов муқаррар шуд, баъди анҷом академияро ба марҳилаи нав ворид намуданд. Айни замон корҳо барои насби ду майдони муосири футбол ва системаҳои равшанӣ, инфрасохтори заҳкашӣ ва обёрӣ дар қаламрави академия бо вусъати том идома доранд.
– Таъмини иҷрои Қарори Девони Вазирон «Дар бораи беҳтар кардани фаъолияти мактаб-интернатҳои махсуси давлатии варзишӣ» аз 2 июни соли 2018 ва фармойиши Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон «Дар бораи қабул ба академияҳои футболи кӯдакон ва наврасони минтақавӣ» аз 3 августи соли 2018 сармашқи кори моро ташкил медиҳанд. Раванди қабул чун дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар академияи мо низ мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст, – иброз дошт Р. Мирзокаримов.
Кӯдакон ва наврасон аз 12-солагӣ ва ҷавонон аз 18-солагӣ ба академия қабул карда мешаванд.
Гуфта шуд, ки академия ба яке аз муосиртарин иншооти варзишии кишвари мо табдил ёфтааст. Дар айни ҳол бо волидони наврасону ҷавонони соли таваллудашон 2007-2013, ки имтиҳонҳоро бомуваффақият супурдаанд, шартнома баста шудааст.
Ҳоло 154 талаба, ки аз 19 шаҳру ноҳияи вилоят омадаанд, таҳти таълиму тарбияи 21 нафар мураббиёни соҳибмалакаву соҳибихтисос қарор доранд.
Академия ҷойи ошнобозиву фасодкорӣ нест!
– Дар вилояти мо шумораи зиёди ҷавонони ба футбол таваҷҷуҳдошта мавҷуданд. Вазифаи асосӣ интихоби варзишгарони боистеъдод, тарбияи футболбозони касбӣ ва табдил додани вилоят ба яке аз марказҳои пешбари футболи кишвар мебошад, – иброз дошт директори академия.
– Оё аз байни ҷавононе, ки дарси маҳорати футболро дар вилоят гирифтаанд, дар дастаҳои футболи кишварҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд? – пурсидам аз Равшан Мирзокаримов.
– Бале, мо ҳоло бо Достон Турсунов ва Сардор Мирзоев, ки дар дастаҳои Баҳрайн мебошанд, ифтихор мекунем. Аммо ин ҳанӯз муваффақияти кофӣ нест. Мо умеди калон дорем, ки дар академия кадрҳои бомаҳорати соҳаи футбол расида мебароянд ва шарафи вилоят ва ҷумҳуриамонро дар хориҷи кишвар низ ҳимоя мекунанд, – посух дод ҳамсуҳбати мо.
Ӯ дар робита ба он ки ҷараёни қабули футболбозони оянда то чӣ андоза аз ошнобозиву фасодкорӣ орист, чунин гуфт:
– Футбол шиносбозиро ҳаргиз намепазирад ва, хушбахтона, инро падару модарон низ хеле хуб дарк менамоянд. Мехоҳам аз ҳарфҳои раиси Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Баҳодир Қурбонов низ иқтибос орам, ки борҳо такрор карда гуфтааст: «Фасоду шиносбозӣ обрӯи футболро мерезонад. Агар омили фасод ҳарчи қадар аз футболи Ӯзбекистон дур бошад, мо дар тарбияи варзишгароне беҳтару бештар муваффақ хоҳем шуд, ки фардо парчами давлат, ифтихори Ӯзбекистон ва миллати моро дар саҳнаи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард».
Ба ин тартиб, мешавад хулоса намуд, ки академияи мо муассисаи аз коррупсия холӣ мебошад.
Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири «Овози тоҷик». Вилояти ФАРҒОНА.