Дар олами маънӣ ҳар чиз мақоми худро дорад. Аз ҷумла китоб. Омӯзгори эҷодкор Илҳом Хидиров асосан дар наср қалам месанҷад ва навиштаҳояш дар матбуоти даврии Ӯзбекистону Тоҷикистон интишор ёфтаву мавриди таваҷҷуҳи муштариён қарор мегиранд.
Охири соли гузашта аввалин китоби ӯ бо номи «Ҳадяи тақдир» дар нашриёти «Маҳорат»-и Самарқанд рӯйи чопро дид. «Ҳадяи тақдир» асосан аз навиштаҳое, ки ба жанрҳои ҳикоя, ҳаҷвия ва очерк тааллуқ доранд, мураттаб шудааст. Маҳсули хомаи ӯ, ки самимиянду аз дил мебароянд, ба дилҳо ҷой мегиранд. Ҳикоя ва очеркҳои Илҳом Хидиров ҳаётӣ ҳастанд, яъне бардоштаҳое аз зиндагии воқеӣ мебошанд. Бештари қаҳрамон ва персонажҳои ҳикояву очеркҳо бо муаллиф ё ҳамдиёру ҳамгузар ё ҳамсолу рафиқ, ё хешу таборанд.
Дар навиштаҳои «Ҳадяи тақдир» самимияти гуфтору нақли муаллиф бештар эҳсос мегардад, ки ин муштариёнро бефарқ намегузорад. Муҳтавои китоб хонандаро ба омӯхтани илму дониш, хислатҳои неки инсонӣ, шукргузорӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба падару модар, саҳмгузорӣ ба рушду равнақи ҷамъияту Ватан ва ба инсофу диёнат даъват менамояд. Ин омилҳо барои тарбияи ҷавонон ва ба роҳи рост ҳи-доят кардани онҳо дастурамали хубест.
Ба қавли муаллифи сарсухани китоб нависанда Ҳамза Ҷӯра «...Аз ҷум-ла ҳикояи дар мавзӯи ҷанг на-виштаи ӯ, ки «Даст дар домани ҳаёт» ном дорад, тақдири пурфоҷиаи қаҳрамони асар – Гулмоҳро, ки шавҳараш дар ҷанг ҳалок мешаваду бо чор нафар тифлакони худ танҳо мемонад, хеле таъсирнок ба қалам додааст, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Дар ҳикояи «Сиришти тақдир» дар симои табиби деҳот Хушдил Оқилзода шахси ғамхори халқ ва барои бартараф кардани бемории вабо – коронавирус чӣ азобҳои рӯҳиро аз сар гузаронидани табиби деҳот Хушдил Оқилзодаро устокорона ба қалам овардааст ва дар ҳикояи «Ҳадяи тақдир» бошад, ишқи Дилшод бо духтараки ношинос бо маҳорати баланди эҷодкорӣ тасвир шудааст».
Умед аст, ки аввалин маҷмӯаи Илҳом Хидиров, ки нони гармии аз танӯри нав кандаро мемонад, эҳтиёҷи маънавии китобхонҳоро то андозае қонеъ мегардонад.
Далер Азизов, хабарнигори «Овози тоҷик».