Ӯзбекистон аз нигоҳи аксбардори араб

Дар хонаи Фотосуратҳои Тошканд маросими ифтитоҳи намоишгоҳи шахсии узви Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон, аккоси урдунӣ Абдураҳмон Валид Савалҳа таҳти унвони «Ӯзбекистон аз нигоҳи фотоэҷодкори араб» баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 100 фотосурати муаллиф намоиш дода мешавад, ки симои кунунии Ӯзбекистони Нав, муҳити шаҳр, фазои меъморӣ ва робитаи ногусастании таърих ва замонро бо нигоҳи бадеӣ ошкор мекунанд.

Яке аз бахшҳои муҳими намоишгоҳ, силсилаи аксҳои «Мӯйноқ: фоҷеаи баҳри Арал» мебошад, ки дар он нигоҳи рассом бо масъулият ва огоҳӣ муттаҳид мешавад ва тавассути тасвири киштиҳои дар баҳри хушкшуда дармонда, муносибати мураккаби табиат ва инсон, огоҳии хомӯш ва мушоҳидаи амиқ ифодаи бадеии худро пайдо мекунад.

Ин намоишгоҳ тамошобинонро на танҳо ба дидани аксҳо, балки ба андеша, эҳсос ва дарк даъват мекунад. Ҳар як акс ҳамчун манбаи ғизои маънавӣ муколамаи ороми дил ва ақлро бедор мекунад.

Абдураҳмон Валид Савалҳа дар коллеҷи санъат ва дизайни Central Saint Martins дар Лондон дар бахши санъат ва аксбардорӣ таҳсил гирифтааст. Аз соли 2019 инҷониб дар шаҳри Тошканд зиндагӣ ва фаъолият мебарад. Ӯ инчунин узви созмонҳои пешбари байналмилалӣ ва касбӣ, узви Иттифоқи аксбардорони араб ва Урдун буда, соли 2004 ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО VI шомил карда шудааст.

Эҷодкор барои саҳмаш дар рушди санъати аксбардории  Ӯзбекистон бо дипломи махсуси Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон сарфароз гардонида шуд.

Ҳасан Абдуназаров.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: