Турбро аз қадимулайём барои муолиҷаи беморон истифода бурдаанд.
Олими Юнони қадим Дискорид ҷиҳатҳои шифоии онро омӯхта, таъкид кардааст, ки турб хосияти ҳазмкунӣ дорад. Олими дигари ин кишвар Гален низ онро ба сифати воситаи иштиҳокушо пешниҳод намудааст.
Абӯмансури Муваффақ менависад, ки турб гарм буда, хусусияти балғамронӣ дорад. Баргаш низ судманду иштиҳоовар аст. Ҳамчунин эътироф кардаанд, ки турб бандҳои ҷигарро кушода, талхаро берун мебарад. Оби баргаш барои дафъи зардпарвин нафъовар буда, равшании чашмро меафзояд. Агар равғанашро ба гӯш чаконанд, дардро рафъ месозад.
Амирдавлат Амасиасӣ овардааст, ки равғани турб, ҳатто доғҳои рӯйро тоза мекунад. Ширааш ба чашм равшанӣ мебахшад. Истеъмоли турб барои ҳазми таом, ширааш дар муолиҷаи обхӯрда ва захмҳои бад фоидабахш аст.
Муҳаммад Ҳусейни Шерозӣ овардааст: турб се хусусият дорад: баргаш бодрон, мевааш давои савдо ва тухмаш пешоброн аст. Агар оби турби ҷӯшонидаро нӯшед, сурфаро рафъ ва балғамро хориҷ мекунад.
Дар тибби мардумӣ турбро барои муолиҷаи фалаҷи забон низ пешниҳод мекунанд. Барои рафъи он турбро реза карда, ба даҳон мегиранд ва ба оҳистагӣ мехоянд.
Дар тибби муосир турб барои муолиҷаи илтиҳоби меъда ва хуб кардани фаъолияти рӯдаҳо истифода мешавад.
Аз «Ҳафт шифо» таҳияи Собир Эргашев.