Астероиди хатарнок метавонад дар соли 2032 бо Моҳ бархӯрад

  • Астероиди хатарнок метавонад дар соли 2032 бо Моҳ бархӯрад
  • Астероиди хатарнок метавонад дар соли 2032 бо Моҳ бархӯрад

Гурӯҳи олимони чинӣ таъкид доранд, ки астероиди «2024 YR4» эҳтимол дорад, ки дар соли 2032 ба Моҳ бархӯрад. Дар ин бора нашрияи «BILD» хабар дод.

Ба ақидаи олимон, диаметри астероиди «2024 YR4» тахминан 60 метр буда, аввало барои Замин хатарнок ҳисобида мешуд. Аммо ҳисоботи охирин нишон медиҳад, ки ин ҷисми кайҳонӣ аз Замин ба таври бехатар мегузарад.
Тадқиқоти олимони чинӣ нишон додааст, ки эҳтимоли бархӯрд бо Моҳ тақрибан 4,3 фоиз аст. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки дар сурати чунин бархӯрд энергияи ҷудошуда ба 6,5 мегатон тротил баробар хоҳад буд — ки қариб баробар ба қуввати бомбаи пуриқтидори гидрогенӣ аст.
Ифан Ҳенинг, пажӯҳишгари Донишгоҳи Цинхуа дар Пекин, таъкид мекунад, ки чунин ҳодиса метавонад дар сатҳи Моҳ кратери калони тақрибан як километр квадрат эҷод намояд ва ин метавонад қавитарин ҳодисаи қайдшуда дар таърихи Моҳ гардад.
Олимон мегӯянд, ки ин бархӯрдро аз Замин ҳам мумкин аст тамошо кард. Дар вақти бархӯрд дурахши хеле равшан пайдо мешавад ва пас аз он чанд соат нурҳои инфрасурх ва эҳтимоли «заминларзаи Моҳ» низ вуҷуд дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: