«Иқдомҳои давлатӣ барои занон: аз шуғл то соҳибкорӣ»

Роҳбари давлат ҳамеша дар паёмҳояш ба мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, иброз медорад, ки дар фарҳангу тамаддуни мо иззату эҳтироми зан–модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.

Бахусус, солҳои охир ба бонувон имконият фароҳам оварда шуд, то дар корҳои давлатдорӣ ва пешбурди дигар соҳаҳо фаъолияти густурда дошта бошанд.

Дар Маркази матбуоти миллии ҷумҳурӣ бо ибтикороти Кумитаи оила ва занони ҷумҳурӣ таҳти мавзӯи «Корҳои амалишуда ҷиҳати таҳкими оила ва дастгирии занону духтарон дар соли 2025 ва вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар ҷумҳурӣ таҳкими институти оила, дастгирии ҳамаҷонибаи занон, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар ин самт ислоҳоти низомманд доири боло бурдани қадри инсон, таъмини оила ва баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа пайваста амалӣ мегарданд.

– Боиси хушнудист, ки имрӯз занон ҳам аъзои ҳукуматанду ҳам сафиру вазир ва ҳам фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ин ташаббус маҳз таҳти роҳбарии Сарвари давлат ба вуқӯъ пайваст, ки доимо аз ҳисоби занону духтарон зиёд намудани шумораи хидматчиёни давлатиро талаб менамояд. Гузашта аз ин, ба бонувони кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гарданд, – гуфт дар баромади худ ҷонишини якуми кумита Умеда Абдуллоева.

– Дар натиҷаи корҳои низомнок ҷиҳати таъмини шуғли занон, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани даромади оилаҳо, дар соли 2025 ба 2,3 миллион нафар занон  барои машғул шудан ба меҳнати даромаднок мусоидат карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 2,4 маротиба зиёд мебошад. Аз ҷумла, 735 700 нафар занон ба ҷойҳои кории холӣ ба кор ҷалб гардиданд. 

– Аз ҷониби Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо – 95 170 нафар, бонкҳои тиҷоратӣ – 1 341 603 нафар, шӯрои фермерон – 829 620 нафар, Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилу коммуналӣ – 68 681 нафар занон бо шуғл фаро гирифта шуданд. 334 ҳазор нафар занон ба касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ ҷалб гардиданд.

Аз ҷумла, Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия – 15 772 нафар, Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва шуғл – 184 208 нафар, Палатаи савдо ва саноат – 30 800 нафар.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар доираи лоиҳаи «Як миллион барномасоз» 187 ҳазор нафар занон ба технологияи иттилоотӣ омӯзонида шуданд. Дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои ҷангал 14 312 нафар занон ба парвариши гул, лимӯ, ниҳол, пайвандкунии ниҳол ва гиёҳҳои доруворӣ омӯзонида шуда, фаъолияти соҳибкории онҳо ба роҳ монда шуд.

Дар вилояти Хоразм бо мақсади паҳн намудани таҷрибаи ноҳияи Боғот оид ба табдил додани минтақа ба ҳудуди бидуни бекории занон, семинари ҷумҳуриявии таълимиву амалӣ баргузор гардид. Дар асоси ин таҷриба, бастани шартномаҳои сеҷониба ҷиҳати расмӣ гардонидани фаъолияти занони бекор ва ғайрирасмӣ ҷорӣ карда шуд.

Дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноат, Бонки марказӣ ва Агентии идораи дороиҳои давлатӣ Форуми корпоративии занон ташкил гардида, 4 231 сехи хурди истеҳсолӣ дар хонадонҳо таъсис ёфт.

Ҳамчунин, дар рафти сафарҳо ба минтақаҳо бо намояндагони 632 субъекти соҳибкорӣ, ки аз ҷониби занон роҳбарӣ мешаванд, мулоқотҳо баргузор гардид. Аз онҳо мушкилоти 187 нафар муфассал омӯхта шуда, мушкилоти 108 нафар дар маҳал ҳал карда шуд.

Саодат Бекназарова, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: