9-уми феврал дар мактаби таълими умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 585-солагии Алишер Навоӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муаллимон ва хонандагон фаъолона ширкат варзиданд.
Тадбир дар ду бахш ташкил шуд. Қисми аввалро хонандагони синфҳои 9 оғоз карданд: онҳо дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Навоӣ маълумот доданд ва ғазалҳои пурмазмун қироат карданд.
Қисми дувум тариқи озмуни «Заковат» идома ёфт, ки байни синфҳои 7-уми "А", "Б" ва "В" баргузор гардид. Ҳар ҷамоа аз 6 иштирокчӣ иборат буд ва шарафи синфашонро ҳимоя намуданд. Саволҳо ба мавзӯъҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ марбут буданд ва озмун шавқовар ва пурҳаяҷон гузашт.
Дар охир, мувофиқи назари доварон – Илёсҷон Абдуназаров, Муяссар Атабоева ва Умедҷон Атоев – ҷамоаи синфи 7-уми "А" бо ҷамъоварии 32 хол ғолиб эълон шуд.
Ҳ.РАҲМАТОВ