Ба муносибати 585-солагии таваллуди асосгузори забони адабии ӯзбек, шоир ва мутафаккири бузург, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Мир Алишери Навоӣ дар идораву ташкилотҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимоти олӣ, миёнаи махсус ва ҳамагонии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилу чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Яке аз чунин чорабиниҳои доманфарох субҳи рӯзи душанбе дар шаҳри Фарғона ба вуқӯъ пайваст, ки ин хиёбон ба номи Алмишери Навоӣ гузошта шудааст. Дар он намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, устодони донишгоҳҳо, олимон, равшанфикрон, донишҷӯён ва дӯстдорони шеъру адаб иштирок карданд.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар ин чорабинӣ иштирок ва суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки Ҳазрат Мир Алишери Навоиро ба сифати адибу мутафаккири бузург ва арбоби давлатӣ дар саросари ҷаҳон мешиносанд.
-Вай ғайр аз осори ғановатманди худ, ки ба мо мерос мондааст, бо ғояҳои башардӯстӣ, адолат, маърифат ва некӣ ном баровардааст. Ғояҳояш бо моҳияти ислоҳоте тавъаманд, ки имрӯз таҳти роҳбари Президент Шавкат Мирзиёев дар кишвари мо амалӣ мешаванд. Барои ҳамин гиромидошти чунин шахсияти бузург дар ин рӯзҳо барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор мебошад,-изҳор дошт Хайрулло Бозоров.
Дар ин чорабинӣ як идда олимон доир ба ҳаёт ва фаъолияти адиби мумтоз маълумотҳо ироа намуданд ва дар пайи он одамони касбу кори гуногун намунаҳоеро аз осори гаронбаҳои Мир Алишери Навоӣ барои ҳозирин қироат карданд.
Роҳандозии маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ дар вилоят идома дорад.
Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.