Аз рӯзе, ки одамӣ қадамҳои нахусти худро бар замин ниҳода, бо ақлу хирад олами набототу ҳайвонотро аз қаъри замин то арши аъло тасарруф намуд, ҳазорсолаҳои зиёд гузашт. Дар ибтидои ҳаёти одамӣ шахси бомаърифате ба дунё омад, ки Зардушт ном дошт.
Роҳу равиши зиндагие, ки Зардушт барои одамон тавсия намуд, дар таърих бо яке аз фарҳехтатарин динҳо мақоми худро пайдо кард: «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек»-и ӯ то ба имрӯз дар байни қавму миллатҳои гуногун барҷо монд.
Дертар дар асоси гуфтаҳои Зардушт, ки дуосуруди ҳамарӯзаи мардуми ориёӣ гардид, оини дини зардуштӣ дар китоби муқаддаси «Авасто» мураттаб ва машҳур шуд. Баъдан бино ба мазмуни ин сурудаҳо андарзу ҳикоят ва достону асотири дилангез эҷод гардиданд.
Агар ба матни Авасто бодиққат назар дӯзем, маълум мешавад, ки ин сурудаҳо тасодуфӣ набуда, аз ҳаёти ҳамарӯзаи худи Зардушт гирифта шудаанд. Зардушт шахси хаёлӣ не, балки марди воқеӣ буд, ки бо афкори хеш ақли одамиро тасхир кард ва инсонро ба бузургтарин андешаҳо раҳбалад шуд.
Сипас дар пояи ҳикоятҳои шифоҳии зардуштӣ адабиёти паҳлавӣ рӯ ба таҷаллӣ ниҳод, ки зиндагонӣ ва асолати дини Зардушт ва зардуштиёнро инъикос намуд. Чун «Авасто» китоби ҷолиб ва пур аз маънӣ буд, олимони зиёди ҷаҳон пайи хондани он саъю кӯшиш кардаанд.
Андарзҳои паҳлавӣ, воқеан антиқӣ буда, як қисми онҳо дар бораи пайдоиши нахустодамони соҳибандеш ва бохирад, маҳалҳои ҷуғрофӣ, таърихи шахсони номвар нақл мекунанд. Қисмати азамати ин андарзҳо дар шакли панду ҳикмат ва ҳикоятҳои ҷолиби тарбиявӣ дода шудаанд.
Масалан, дар андарзи Озарбоди Маҳраспандон чунин омадааст: «Акнун баргузинандаи далел барниҳад чунинаш аз рӯйи дин ё миёнҷигӣ аз раҳи хирад бегумон донистан сазадаш, ки аз мену омадаам, дар гетӣ набудам, офаридаам (махлуқам), пеш набудам, аз Ҳурмуздам на аз Аҳриман, аз Яздонам на аз девон, аз неконам на аз бадон, мардумам (инсонам) на дев, офариниши Ҳурмуздам на офариниши Аҳриман, пайвандаму гуҳарам аз Каюмарс ва модарам Спандармад, падарам Ҳурмузд, сиришти мардумам аз Маҳрийаву Маҳрийона (аст), ки ононро нахустпайванду гуҳар аз Каюмарс буд».
Дар ин ҷо сухан аз забони гӯянда, яъне Зардушт оварда шудааст, ки насаби худро ба нахустодам – Каюмарс нисбат медиҳад ва номҳои модар Спандармад ва падараш Ҳурмуздро низ меоварад.
Ҳангоми бо диққат аз назар гузаронидани ин ду ном — Спандармад ва Порушасп бармеояд, ки решаи ҳар ду аз вожаи «асп» аст ва аз чун асп бузургҷусса будани модараш гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин шояд яке исми зан ва дигаре лақаби авлодии ӯ бошад. Дар вожаи Спандармад – «асп ар мард», яъне каси чун асп (тавоно, бузург) ва дар вожаи Порушасп – низ писар ё марди чун асп таҷаллӣ медиҳад. Ин маъноро аз таърихи паҳлавӣ зери сарлавҳаи «Тухмашуморӣ ё силсилаи насаби Зардушт», ки дар асари «Визидагиҳои зодспраҳм» (Гузидаҳои Зодспарам) оварда шудаанд, низ дарк кардан мумкин аст, ки дар он қисмати зиёди табори Зардушт чун – Пуртаросп, Ҳйичазосп, Айазим (яъне азимҷусса), Аҳурвазосп, Аспигон ва ғайра бо истифода аз решаи «асп» тобу ё тавону асп оварда шудааст. Дар истилоҳномаи авестоӣ Спандармад ҳамчун яке аз Амаҳраспандон, худозани замин зикр мешавад. Амаҳраспандонро фариштаҳое низ меноманд, ки гӯё муъҷизаи пайдоиши ҳаётанд. Бо андешаи мо, ин ҷо номи модари Зардушт, ки решааш «асп» аст, гоҳ чун худо ва гоҳ чун инсон ба забон оварда мешавад, номи падараш Ҳурмузд (Аҳура Маздо – худои некӣ) низ ба Худо нисбат дорад.
Варианти сеюми номи модари Зардушт дар адабиёти паҳлавӣ «Дуғдуя» ва модарбузургаш «Френи» аст.
Бояд тазаккур дод, ки қисми зиёди андарзҳои паҳлавӣ дар давраи Сосониён аз нав нигошта шудаанд. Тағйир ёфтани номи модари Зардушт аз он дарак медиҳад, ки солҳои баъдина қабилаҳои ориёӣ бо дигар халқиятҳо омехта, тобишҳои нави исмҳои хос ва ҷойномҳои ҷуғрофӣ пайдо шудаанд. Чунончӣ, номи «Френи» – аксаран номи духтаронаи шведӣ буда, ҳам дар ин забон, ҳам дар забони фаронсавӣ «frein», дар забони итолиёвӣ «freno» ва дар лотинӣ «frзnum» маънои ягонаи ҷилавгирӣ ё мутеъ карданро доранд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки зардуштиён то ба ҳудуди Аврупо расида, мардуми он ҷойҳоро ба худ тобеъ намудаанд. Аз ин хусус як қатор махоизи таърихӣ низ дарак медиҳанд. Яъне Френи номи духтарона буда, занест, ки ба ориёиҳо тобеъ шудааст.
Дар ин бора бозёфтҳои бостоншиносон низ маълумот додаанд. Масалан, дар зарфи нуқрагини аз Бадахшон пайдошуда, ки тақрибан ба асри якуми милодӣ тааллуқ дорад, гирди ҳам истодани вахоиён тасвир шудааст. Болои ароба ду нафар – яке Дионис, ки дар даст зарф дорад, дуюм раққос, ки ба Геракл монанд буда, дар даст гурз дорад, кандакорӣ шудаанд. Аз ин бармеояд, ки ориёиён ҳанӯз дар нахустин садаи милодӣ бо Юнон ва Руми қадим алоқаҳои мустаҳкам доштаанд.
Олими рус Н.А. Аристович дар бораи халқи бостонии «Хоа», ки дар кӯҳистони Помир сукунат доштанд, сухан меронад, ки дар бораи онҳо аз сарчашмаҳои таърихии чинӣ «Лян-шу» маълумот гирифтааст. Ба андешаи мо ин ҷо сухан дар бораи паҳлавиён меравад, зеро вожаи хоа, хуа дар забони чинӣ маънои бузург, муҳташам, мустаҳкамро дорад ва шояд тарҷумаи чинии вожаи паҳлавон бошад.
Ҳамчунин Н.А. Аристович фикри олими дигар Клапротро меорад: «юэҷиёнро, на юэҷӣ, балки бояд юети ба забон гирифт, чунки онҳо ба ютҳо ва готҳое нисбат доранд, ки то ба Скандинавия расидаанд. Ва шояд готҳо ҳамон юэҷиҳоянд, ки чун дигар халқиятҳои олмонӣ аз Осиёи Миёна омадаанд».
Истилоҳи «юэҷӣ» (ФВКП (yuиzhо)) аз забони чинӣ гирифта шуда, маънои «моҳ + авлод (насл, нажод, қабила)-и бостонӣ»-ро дорад. Бинобар манбаъҳои динии чиниён моҳ нишонаи ҳусну ҷамол ва мукаммалӣ аст. Чун паҳлавиён бо чашми чиниён родмарду тавоно, бомаърифату соҳибҷамол менамуданд, онҳоро юэҷӣ, яъне айнан ба маъниҳои болоӣ ном бурдаанд.
Агар ба истилоҳи юэҷӣ мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ нигарем, маълум мешавад, ки юэҷиён гуфта, қабилаҳои тоҷикзабонеро меноманд, ки аллакай дар асри I то милод дар Осиёи Миёна зиндагонӣ мекардаанд. Пас, зери истилоҳи юэҷӣ ҳамон қавмҳои аслии паҳлавиёни ориёӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин саксҳо, ки ба ҳамин қавму қабилаи германиҳо мансубанд, эҳтимол сакоӣ ё сакҳое бошанд, ки дар ҳазорсолаи I пеш аз милод дар ҳудудҳои Осиёи Миёна зиндагонӣ кардаанд. Дар ин бора Страбон низ овардааст, ки Анахарисис (Афина) хешро хирадманд меҳисобид, мансубияташро аз сакҳо медонист ва худро аз қабили хирадмандон мешумурд. Бояд эътибор дод, ки номи Анахарисис аз номи кӯҳи Хара (Помир) гирифта шуда, аз ориёии Помир будани авлоди вай дарак медиҳад.
Бармегардем ба масъалаи модари Зардушт. Тавре зикр гардид, дар сарчашмаҳои дерин номи ӯ Дуғдуя ё Дуғду, Дуғоба ва ғайра қайд шудааст. Тахмин меравад, ки таҳиягарони қадимии андарзҳои паҳлавӣ исми Дуғдуро мувофиқи талаффузи худ ғалат овардаанд. Ҳол он ки на Дуғду, балки Диан аст, ки асли лотинӣ дорад. Диана – худои Моҳ, шикор ва ҳаёт буда, чун Худои саломатӣ ва беҳбудӣ шинохта мешавад. Пас, Дуғдуя ё Диана на номи модари Зардушт, балки номи Ардвисура Анаҳитост, ки тимсоли бахту саодат, обу ҳаёт мебошаду дар байни халқҳои аврупоӣ густариш ёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки ориёиён бо мурури аз қуллаҳои барфпӯши Помир поин рафтан, бо қавму қабилаҳои гуногун қаробат ва риштаҳои хешутаборӣ бастаанд, ки наздиктарини онҳо туркҳо, сипас ҳиндуён, чиниён, арманиҳову озариҳо буда, то Аврупову Амрико низ расидааст.
Хулоса, баррасиву тадқиқи паҳлуҳои китоби муқаддаси «Авасто» барои таърихи забон далелу бурҳонҳои муътамад пешкаш карда, баҳри барқарор намудани шаклҳои қадимаи вожаҳои муайян замина фароҳам меоварад. Омӯзиши этимологияи вожаҳои куҳнаву бостонӣ, барҳақ, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва забоншиносии муҳаққиқони ҷавон ва умуман ҷомеа аз аҳамият орӣ нест.
Зебунисо Файзуллоева,
доктори фалсафа оид ба илмҳои педагогӣ, дотсент.