Аз 1 марти соли 2026 фаъолони занон ва роҳбарони ҷавонон аз ҷониби ҳокими ноҳия ва шаҳр ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Ин меъёр дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани даромади аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои кории устувор ва коҳиш додани камбизоатӣ тавассути рушди ҳудудҳо бо равишҳои нав дар соли 2026» муқаррар гардидааст.
Тибқи қарор, аз 1 марти соли 2026 бар асоси хулосаи «ҳафтгонаи маҳалла» барои оилаҳое, ки дар Феҳристи иҷтимоӣ сабт шуда, дорои маъюбии гурӯҳи I буда, аъзои қобили меҳнат надоранд, корҳои изолятсиякунии девору бомҳои манзил, насби тиреза ва дарҳои каммасрафи энергетикӣ, инчунин панелҳои офтобӣ ё гелиоколлекторҳо амалӣ карда мешаванд.
Инчунин, аз 1 марти соли 2026 дар ноҳияҳои ба гурӯҳи вазнин шомилшуда дар доираи барномаҳои рушди соҳибкории оилавӣ қарзҳо бо меъёри солонаи 12 фоиз ҷудо карда мешаванд.
Дар давраи аз 1 июли соли 2026 то 1 январи соли 2028 аз ҳисоби маблағҳои Фонди давлатии мусоидат ба шуғл барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ чунин намудҳои субсидияҳо ҷорӣ карда мешаванд:
✔️ба омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ барои гирифтани сертификатҳои байналмилалии эътирофшуда дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, инчунин сертификатҳои миллӣ мутобиқи рӯйхати тасдиқнамудаи Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва шуғл — ҷуброни 50 фоизи хароҷот, вале на бештар аз 20 баробари нишондиҳандаи ҳисобӣ;
✔️ба соҳибкороне, ки марказҳои арзёбии малака таъсис додаанд — ҷуброни 30 фоизи хароҷоти воситаҳои арзёбии харидашуда, вале на бештар аз 200 баробари нишондиҳандаи ҳисобӣ.