Солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба озодии сухан ва гуногунандешӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд, ки ба пурзӯр гардидани иштирок, мақом ва ҷойгоҳи намояндагони воситаҳои ахбор дар ҷараёнҳои ҷамъиятиву сиёсӣ мусоидат менамоянд.
Журналистони бомаҳорат, блогерҳои фаъол бо мавқеи қатъӣ ва сухани холиси худ дар ҳаллу фасли мушкилоти ҳассоси ҳаёт, баланд бардоштани самаранокии ислоҳот, вусъат додани нуқтаи назар ва ҷаҳонбинии ҳамватанонамон саҳми муносиб мегузоранд.
Ҳамаи ин, бешубҳа, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки воситаҳои ахбори оммавӣ аллакай ба дараҷаи «ҳокимияти чаҳорум» бардошта мешаванд.
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Барои мухлисони матбуоти даврӣ, хосатан мо, журналистон одат шудааст, ки бо фаро расидани Соли нав аввало ба теъдоди рӯзнома ва маҷаллаҳо чашм андозем, то донем, ки адади нашрашон чӣ қадар аст. Вале таассуфовар аст, ки теъдоди нашрияҳои даврӣ сол то сол кам мешаванд. Ҳатто теъдоди нашрияҳои бонуфузи ҷумҳурӣ хеле коҳиш меёбанд. Рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар» ҳам аз ин мустасно нестанд.
Хушбахтона, ҳоло таҳти дастгирии муассисон – Палатаи қонунгузорӣ, Сенати Олий Маҷлис ва Девони Вазирон «Овози тоҷик», ки оинаи таърих, ифодакунандаи дӯстии қавии халқҳо мебошад, мунтазам чоп ва паҳн мегардад. Он аз ғамхориҳои рӯзафзуни ҳукумати Ӯзбекистон ва сиёсати дурандешонаи сарвари давлат бобати ривоҷу равнақи маданияти миллии мо, тоҷикон далолат медиҳад. Бояд гуфт, ки рӯзнома, ҳамчун минбари фарҳанг ва ҳамбастагӣ, дар иҷрои рисолати бунёдии худ ҳамеша дар паҳлуи мардум меистад ва барои оромӣ, фарохдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа саҳм мегузорад. Ва ин мавқеъ гузаранда нест: рӯзнома дирӯз ҳам, имрӯз ҳам ва фардо низ ҳамрозу ҳамдили халқ хоҳад монд.
«Аз мост, ки бар мост»
Ёд дорам, то охири солҳои 90-уми асри гузашта дар Ӯзбекистон рӯзномаи ба забони тоторҳои Қрим «Ленин байрагӣ» нашр мешуд. Теъдоди он дар шаҳри Самарқанд аз «Овози тоҷик» бештар буд, ҳарчанд намояндагони ин миллат дар шаҳр аз тоҷикон хеле кам буданд. Боре аз мухбири он рӯзнома дар Самарқанд Шокир Селимов сабаби инро пурсон шудам. Вай фаҳмонд, ки ҳар як оилаи тотор новобаста ба синну сол дастҷамъона ба рӯзномаашон обуна мешаванд. Ин аз ваҳдати миллӣ дарак медиҳад.
Ҳамзамон воқеаи ҳайратангез дар факултаи филологияи тоҷик ба хотирам расид. Он замон ба ҳашари пахтачинӣ донишҷӯёни мактабҳои олӣ низ сафарбар мешуданд. Толибилмони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳам ба ҳашари умумӣ иштирок карда, аз ҳисоби пахтачинӣ, аз рӯйи анъана, барои обуна ба рӯзномаи «Овози тоҷик» маблағ ҷамъ намуда, ба декан месупурданд. Дар яке аз чунин маъракаҳо аз хасисӣ ва бемасъулиятӣ он маблағ барои зиёфати муаллимонашон харҷ шуда буд.
Забонро қадр бояд кард...
Дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва шабонаи Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов беш аз сад нафар донишҷӯ ба забони тоҷикӣ таҳсил мегиранд, ба онҳо анқариб 20 муаллим сабақ медиҳад. Вақте мо бо онҳо дар бораи раванди обуна ба «Овози тоҷик» дар соли 2026 суҳбат кардем, аён гардид, ки онҳо ба рӯзнома ягон нусха ҳам обуна нашудаанд.
– Хабар дорам, ки дар мавсими обуна шумо ба факултет омада, бо устодон суҳбат карда будед, – гуфт роҳбари донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷӯлибой Эртазаров. – Дар ин масъала камина низ ба мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ супориш дода будам. Охир аъзоёни кафедра ва талабагон, ки ҳама бо забони тоҷикӣ сари кор доранду аммо минбари тоҷикон – «Овози тоҷик»-ро нагиранд, нахонанд, тарғибу ташвиқу дастгирӣ накунанд, айб аст!
Набояд фаромӯш кард, ки забон рукни асосии миллат ба шумор меравад. Ҳар кӣ ба қадри забон нарасад, ба қадри ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас намерасад. Дар ёд бояд дошт, ки забон шири сафеди модар, забон қисмат, забон фарҳангу адабиёт аст!
Ман тоҷик нестам, аммо тоҷикиро чун забони модарӣ медонам. Ду маротиба дар Эрон будам, қабрҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Хоҷа Ҳофиз, Шайх Саъдӣ ва дигаронро зиёрат кардаам...
Сипас Ҷӯлибой Эртазаров иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикӣ Акмал Шерназаровро назди худ хонд ва супориш дод, ки ҳамаи муаллимони кафедра ба «Овози тоҷик» обуна шаванд.
«Дили нохоҳам – узри бисёр»
Чун оид ба обуна ба ҳамзабонони хеш ҳарф занем, тамасхуромез: «ҳоло ҳама чиз дар телефон ҳаст, обуна чӣ лозим», мегӯянд. Ва боз илова менамоянд, ки мардум ҳоло рӯзномаву маҷалла намехонанд!
Дуруст, шабакаҳои иҷтимоиву нашрияҳои интернетӣ ва ғайра мавҷуданд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон, баробари шабакаҳои иҷтимоӣ нашрияҳои чопӣ низ миллионҳо нусха интишор мешаванд. Масалан, дар кишварҳое чун Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Исландия, Ҳуланд, Норвегия, Дания, Шветсия, ИМА, Канада, Сингапур, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ба ҳар ҳазор нафар аз 700 то 300 номгӯи рӯзнома рост меояд.
Аз ҷумла, дар Ҷопон, ки технология хеле пеш рафтааст, шумо метавонед дар ҳар гӯшае касеро пайдо кунед, ки рӯзнома мехонад. Рӯзномаи «Ёмиури Шимбун»-и Ҷопон ҳар рӯз бо теъдоди 8 миллион нусха нашр мешавад. Рӯзномаҳои дигаре низ ҳастанд, ки миллионҳо нафар хонанда доранд. Ҳатто дар Ҷопон аҳамияти рӯзномаҳо аз мактаби ибтидоӣ таълим дода мешавад ва дарсҳои хондани рӯзнома низ мавҷуданд. Албатта ин бесабаб нест. Зеро рӯзнома ва маҷаллаҳо дар саҳифаҳои худ набзи рӯз, таърихро сабт мекунанд.
Солҳои таҳсил дар мактаби миёна мо, хонандагон на танҳо аз Тошканд, инчунин аз Душанбе ва Маскав рӯзнома ва маҷаллаҳо мегирифтем. Имрӯз муаллимону мураббиён ваҷҳ пеш меоваранд, ки «обуна маҷбурӣ нест».
Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи муаллим ва мураббиён аз ҷумла изҳор карда буд, ки: «Мутаассифона, мо солҳои охир бо баҳонаи «обуна маҷбурӣ» нест, обунаи ихтиёриро низ аз даст додем».
Ин ҳолати нохуш дар замони вазире, ки дар соҳаи таълим тасодуфӣ буд, рух дод ва акнун он боиси аз мутолиа дур шудани миллионҳо нафар намояндагони соҳаи таълим шуд.
Умед дорем, ки вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ камбудии собиқ ҳамкасби худро ислоҳ мекунад ва обуна дар байни машъалафрӯзони маърифат боз ба роҳ монда мешавад.
Воқеан, мо даъвои онро надорем, ки «ба фалон нашрия обуна шудан шарт аст». Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ба рӯзномаву маҷаллаҳои дилхоҳи худ обуна шавад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.