Барои бисёриҳо хурроккашӣ танҳо як одати нохуш аст. Аммо табибон ҳушдор медиҳанд, ки паси ин нороҳатӣ метавонад бемории хатарноки апноэи хоб пинҳон бошад.
Таъкид мешавад, ки ин беморӣ нафаскаширо ҳангоми хоб борҳо қатъ карда, ба саломатӣ зарари ҷиддӣ мерасонад. Ба навиштаи нашрияи The Guardian, танҳо дар Британияи Кабир тақрибан 8 миллион нафар аз апноэи хоб ранҷ мекашанд.
Агар пештар ин беморӣ асосан бо афроди солхӯрда ва дорои вазни зиёдатӣ вобаста дониста мешуд, имрӯз он ҳатто дар ҷавонон, шахсони ҷисман фаъол ва зоҳиран солим низ ошкор мегардад. Коршиносон ин равандро на танҳо бо фарбеҳӣ, балки бо омилҳои ирсӣ, ифлосшавии ҳаво, тағйирёбии иқлим ва дигаргуниҳои тарзи зиндагӣ шарҳ медиҳанд.
Апноэи хоб — ҳолати вазнинест, ки ҳангоми хоб нафаскашӣ барои муддатҳои кӯтоҳ қатъ мешавад ва сатҳи оксиген дар хун ба дараҷаи хатарнок поин меравад. Ин ҳолат хатари фишорбаландӣ, диабет, сактаи мағзӣ, бемориҳои дил ва ҳатто марги ногаҳониро зиёд мекунад. Ба гуфтаи мутахассисон, тақрибан 10 дарсади садамаҳои роҳу нақлиёт низ бо апноэи хоб иртибот доранд.
Хурроккашӣ бошад, дар бисёр мавридҳо аломати нахустини ҳамин беморист. Вақте роҳҳои нафас ҳангоми хоб танг мешаванд, ҷараёни ҳаво ба монеа бархӯрда, бо ларзиши гулӯ, забон ё бофтаҳои нарм садо ба вуҷуд меорад. Қайд мешавад, ки хурроки доимӣ ва баланд бояд ҳамчун мушкили тиббӣ арзёбӣ гардад. Дар ин маврид, на баландии хуррок, балки қатъ шудани нафас омилест ҳалкунанда.
Дар даҳсолаи охир афзоиши ҳолатҳои хуррок ва апноэи хоб то ҳадде бо густариши мушкили вазни зиёдатӣ дар ҷомеа вобаста аст. Ҳамзамон, ифлосшавии ҳаво низ нақши муҳим дорад: моддаҳои зараровар роҳҳои болоии нафасро илтиҳоб карда, онҳоро боз ҳам танг мекунанд. Мавҷҳои гармӣ ва хобидан дар утоқҳои дамгирифта низ метавонанд боиси ноустувории роҳҳои нафас гарданд.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи гармшавии глобалӣ дар 75 соли оянда шумораи ҳолатҳои апноэи хоб метавонад ду баробар зиёд шавад. Ҳарорати баланд сифати хобро паст мекунад ва барои рушди беморӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон зикр шудааст, ки апноэи хоби табобатнашуда ба иқтисодиёти ИМА солона тақрибан 87 миллиард доллар зарар мерасонад.
Яке аз ҷанбаҳои нигаронкунандаи мушкил ин аст, ки беморӣ дар миқёси васеъ ташхис намешавад. Дар Британияи Кабир тақрибан 90 дарсади гирифторони апноэи хоб то ҳол бе ташхис зиндагӣ мекунанд. Хусусан дар миёни занон беморӣ аксар вақт бо менопауза ё хастагии оддӣ омехта карда мешавад. Мутахассисон дар ҳолатҳои хастагии доимӣ, дарди сар, сустшавии диққат ва хуррокашии сахт ба таври қатъӣ муроҷиат ба табибро тавсия медиҳанд.
Ба андешаи коршиносон, апноэи хоб на танҳо мушкили саломатии шахсӣ, балки як сигнали ҷиддии саломатии глобалист. Бепарвоӣ нисбат ба муҳити зист ва тағйирёбии тарзи зиндагӣ ба некуаҳволии инсон бевосита таъсир мерасонад ва намунаи равшани он маҳз ҳамин беморист.