Дар рӯзҳои охир атрофи ширкати “SpaceX” як саволи ҷолиб мавриди баҳс қарор гирифтааст: оё ин ширкат баъд аз мушакҳо ният дорад смартфон ҳам истеҳсол кунад? Гап сари як телефони одӣ нест, балки дар бораи воситаи алоқае меравад, ки мустақиман ба моҳвораҳо пайваст мешавад.
Ба навиштаи “Reuters”, ширкати Илон Маск таҳти бренди “Starlink” рӯи як дастгоҳи махсус кор мебарад. Ин идея метавонад имкон диҳад, ки телефон бидуни манораҳои мобилӣ, мустақиман ба моҳвораҳои дар мадорбуда пайваст шавад.
Худи Маск бошад, ба ин овозаҳо бо эҳтиёткорӣ муносибат мекунад. Миллиардер дар шабакаи “X” (собиқ Twitter) навиштааст: «Мо нияти истеҳсоли смартфони одиро надорем».
Дар асл, “SpaceX” аллакай ба бозори алоқаи мобилӣ қадам гузоштааст. Ширкат дар ҳамкорӣ бо “T-Mobile” рӯи интиқоли сигнал тавассути “Starlink” ба смартфонҳои мавҷуда кор мекунад. Илова бар ин, созишномаи хариди басомадҳои моҳвораӣ ба маблағи 19,6 миллиард доллар низ ба имзо расидааст.
Айни ҳол “SpaceX” дар мадор зиёда аз 9 500 моҳвора дорад. Тақрибан 650 адади онҳо барои пайвасти мустақими алоқа бо дастгоҳҳо пешбинӣ шудаанд, ки ҳадафашон таъмин намудани алоқа ҳатто дар минтақаҳои хеле дурдаст мебошад.
Хулоса, смартфони одие бо логотипи “Starlink” ҳоло вуҷуд надорад, аммо эҳтимоли офарида шудани навъи нави дастгоҳе, ки қоидаҳои алоқаро куллан тағйир медиҳад, истисно нест. Барои Маск ин на танҳо як “телефон”, балки зинаи нави низоми глобалии алоқа буда метавонад.
Мусулмон Зиё, ӮзА