Шоири ширинкаломи зуллисонайн Нормурод Каримзода дар ҳавзаи адабиёти Самарқанд фардест соҳиби ҳурмату эҳтиром ва шуҳратёр. Имрӯз мавсуф ба синни 75 қадам ниҳод. Ба ин муносибат мо сайъ кардем, ки вориди дунёи дили соҳибҷашн гардем.
– Дӯсти гиромиқадр, Нормурод Каримзода, мегӯянд, ки синну соли шоирро аз шеъру ғазалҳояш фаҳмидан мумкин аст. Ман ҳеч боварӣ надорам, ки Шумо ағбаи 75-уми умрро пушти сар гузоштаед. Зеро ҳанӯз пири барнодили ҷавонрафтор, ҷавонгуфтор ва ҷавонтабъ ҳастед. Агар сир набошад, сабабашро мегуфтед.
– Муроҷиататон ин байти Абдураҳмони Ҷомиро ба ёд овард:
Вақтро гуфтаанд теғи бурон,
Ки бувад бетаваққуф ӯ гузарон.
Камина низ ба насиҳату маслиҳати бузургон: «Умрро медон ғанимат ҳар нафас, чун равад, дигар наёяд боз пас» амалкунон ба ҳоли қудрат қариб бист номгӯй китоб навиштам. Баъзе шеърҳоямро ҳофизон суруда, таъби мухлисонашонро болида месозанд.
– Ба фикри Шумо шоир кист ва шеър чист?
– Ба қавли донишманди бузург Халил Ҷуброн «Шоир ҳам падар, ҳам модари забон аст. Забон ба ӯ итоат мекунад, аз пайи ӯ меравад, ӯ истад, забон ҳам аз ҳаракат бозмемонад».
Илҳом ва ҷунун бошад, шеър ба дунё меояд. Мафҳуми «шеър» хеле доманфарох аст. Андрей Вознесенский шеърро муъҷиза меҳисобад. Бе ҳиссиёт, садо ва санъати сухан тасаввур кардани муъҷизаи шеър ғайриимкон аст.
Овони мактабхонӣ аз устодони каломи бадеъ Неъмат Шарифзода, Бердӣ Ҳамроев, дар Донишкадаи педагогӣ аз адибон Хуршед Қамар ва Салим Кенҷа дар ҷодаи шеър сабақҳои аввалин гирифтаам. Ҳамкориҳои кутоҳмуддат бо бузургони сухан Ҳасан Ирфон, шоири зуллисонайн Ҷонибек Қувноқ дониш ва малакаи эҷодии камина такмил ёфт.
Худомӯзии доимӣ, вохӯрӣ ва суҳбатҳо бо устодони сухан Мирзо Турсунзода, Ҳоҷӣ Содиқ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Маъруф Отахонзода, Муҳсин Умарзода, Лоиқ Шералӣ (ду маротиба), Камол Насрулло, Ситсилия Бону (ҳамсари устод Лоҳутӣ), шарқшиносони номӣ Наҷмиддин Комилов, Шавкат Шукуров, Султонмурод Олим, Ҷаъфар Муҳаммад ва дигарон маро бештару беҳтар ба ин соҳаи фарҳанги бостонӣ мутаваҷҷеҳ намуд.
– Шумо мавзӯи, ба қавле, «тешанарасида»-ро чӣ хел пайдо мекунед?
– Ҳар як асари бадеӣ, чӣ шеъру достон, чӣ қиссаву ҳикоя ҳосили заҳмат, ҷустуҷӯ, андеша ва рӯйдодҳои воқеӣ мебошад. Як мисол. Дар бораи руди Оби раҳмат дар сиҳатгоҳи «Зарафшон» шеъре менавиштам. Дидам, ки аз ҳавлии ин ҷо рӯди мазкур ҷорӣ мешавад. Бо маслиҳати устодон Салим Кенҷа ва Аслиддин Қамарзода ин шеър ба достон табдил ёфт, ки аз гузаштаи пурифтихор, аҳволи ҳузнангези ҳозира ва ояндаи ислоҳталаби он ҳикоят мекунад. Достон ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ (тарҷумон шодравон Хумии Самарқандӣ) дастраси хонандагон шуд ва таваҷҷӯҳи аҳли илму адаб, бостоншиносон ва пажӯҳишгаронро ба худ ҷалб кард. Пас аз ин достонҳои «Қобил ва Ҳобил», «Восифӣ дар Самарқанд», «Никоҳ ва оила», «Равзаи Хаёл», «Хоҷа Кафшер», «Алвидоъ, тоҷвирус!», «Ҳурмузд ва Аҳриман», «Об– рӯшноӣ» ва дигарҳо нашр шуданд. Зеро вазифаи шоир тараннуми зиндагии нав, пешравӣ, ҳалли мушкилоти сарбаста, нерӯи илҳомбахш пайдо кардан ва ғайра мебошад.
Ҳар як шеър ҷанбаи воқеӣ, асоси ҳаётӣ дорад, ки бо бофтаҳои хаёлӣ, гирумони сухан, вазну қофия ва оҳанги хос эҷод мешавад.
– Имрӯзҳо мардум Каримзодаро на танҳо чун шоири номдори Самарқанд, инчунин ба сифати устоди зумрае аз аҳли сухан эҳтиром мекунад...
– О, додари азиз, 55 соли умри банда бо касби омӯзгорӣ дар мактаб ва Донишкадаи давлатии педагогии ба номи устод С. Айнӣ, роҳбарӣ дар Маркази эҷодии наврасон (собиқ Хонаи пионерон), шуъбаи маънавият ва маърифат, Хазинаи хайриявии «Нуроний» ва редаксияи рӯзномаи ноҳиявии «Гулобод тонги» сипарӣ шуд. Шукронаҳо мекунам, ки шогирдонам дотсент Абдуваҳҳоб Воҳидов, рӯзноманигор, мутриб, омӯзгор ва шоир Баҳодури Раҳмон, Дилрабо Насимӣ, Озод Ҳамидзода, Исматулло Аҳрорқулов, Салим Ғиёсов, Шамсиддин Ваҳҳобов, Комил Ҷӯрақулов, Файзулло Нарзуллоев, Маъруфҷон Каримов, Сайёра Мирсаидова, Манзура Зарипова, Замонгул Раҳмонбердиева (аз Пском) Ҳабибулло Неъматуллоев, Турдибой Эсонбоев, Мизроб Ваҳҳобов, Олимҷон Насимов ва дигарон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт фаъолият доранд. Бале:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
— Агар омӯзгор намешудед, чӣ касбро интихоб мекардед?
– Раҳматӣ падарам мехостанд сартарош шавам: «Ин касби ба мардум зарур, тоза-озода мегардӣ ва ҳар рӯз музди кор — нақд». Аммо тақдир маро ба дигар сӯ бурд.
— Сафар кардан ҷаҳон дидан аст. Магар ҳамин тавр нест?
– Оре. Ба ин маънӣ ҳақ бар ҷониби шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода, ки фармудааст:
Сайри олам кардан одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
Инҷониб аз кишварҳои хориҷӣ – Олмон, Чехия, Эрон, ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи шӯравӣ дидан кардаам. Чанде пеш бо дӯстони қарину дерин профессор Аҳмадҷон Солиев ва соҳибкори номдор Фарҳод Ҳоҷиев дар мамлакати куҳанбунёди Ветнам сафари эҷодӣ доштем.
– Рӯзгоре дар Самарқанд беш аз 400 нафар шоирони соҳибдевон будааст, ҳоло муҳит ва мавқеи адабии зодгоҳи хешро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Мақоми Самарқанд дар таърихи башар на фақат ба сабаби бостонӣ будани шаҳр, балки аз марказҳои муҳимтарини фарҳангӣ ҳисоб ёфтани он баланд аст. Камина ифтихор дорам, ки ман дар ҳамин маскан таваллуд шудаам. Самарқанд гаҳвораи ман, мураббии ман, ифтихори ман аст. Дар бораи Самарқанду самарқандиён аз ҷониби бисёр адибони халқҳои олам асарҳо таълиф шудаанд ва ин иқдоми нек идома дорад. Ман ҳам ба ҳоли қудрат чанд достону шеъру ғазал эҷод кардаам.
– Кадом ҷиҳати инсонҳоро қадр мекунед?
– Некӣ кардан, дил ба даст овардан, лутфу эҳсон, мардӣ, хоксорӣ, росткорӣ, аҳду вафо, самимият. Бидуни чунин сифатҳо инсон ба обрӯву мартабае нарасад.
Аммо аз шахсони дилозор, мунофиқ, худписанд, айбҷӯй, хиёнаткор, ҷоҳилу танбалу ҳасадхӯр алҳазар!
– Аҷиб, аз сулолаи Каримзода эҷодкорон ҳастанд ё не?
– Писари калонӣ Умедҷон ва духтаронам Азизаву Баҳора гоҳ-гоҳ ба ин ё он муносибат табрикномаҳои лирикӣ менависанд, машқи шеъру ҳикоя мекунанд, ба забони ноби тоҷикӣ андешаҳои судбахши худро изҳор менамоянд, ки шукри Худо. Кенҷаписарам Давлатҷон бо ҳазлу мутоибаҳои ҷолиб табъи моро болида месозад. Умедам аз мағзи донакҳо. Набераҳоям бо забони модарӣ шеърҳои зиёд медонанду мехонанд. Аммо дил мехоҳад, ки онҳо ба китоб ва мутолиаи асарҳои бадеӣ бештару ҷиддитар эътибор диҳанд.
– Дар ин дунёи фонӣ одами беғам нест. Изтиробу таҳлукаи Шумо аз чиҳо?
– Шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Шабе аз гиряи борон шунидам,
Ки ҳаргиз дидае бенам набошад.
Рӯзгори инсони солиму худшинос аз ғуссаву андӯҳ, изтиробу печутоб холӣ нест, зеро шодиву ғам паҳлӯи ҳам мисли рӯшноӣ ва торикӣ гуфтаанд. Маро имрӯзҳо сиёсати бесару сомони сарварони баъзе давлатҳои хориҷӣ, куштору ҷаҳолат ва худписандиҳои миллатчиёни якрав, ҷудоӣ аз ҳамтаборон ва ёрони ҷонӣ, фоҷиаву офатҳои техногениву табиӣ, ки боиси ҳалокати одамон мегардад, ба таҳлукаву изтироби қалбӣ гирифтор мекунад. Баъзан, нобаҳангом чашм аз олами ҳастӣ пӯшидани шахсони наздикро фаҳмам, ғаму ғусса гулӯгирам мекунад.
Охир, падари ахлоқ Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Банӣ-одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Хушбахтии мову шумо дар он аст, ки кишвари осоиштаву инсонпарвар дорем. Қадри инсон ғояи устувори ҷомеа мебошад.
Тараққиёт рӯз аз рӯз суръати нав ва нерӯи ҳаётбахш пайдо мекунад, эътибору эътирофи ҷаҳониёнро меафзояд.
– Шеъри беҳтаринатон кадом аст?
– Ин сифат нисбӣ аст. Беҳтарин шеърро шояд нагуфта бошам. Аммо суханҳои бикру ашъори нонавишта бисёранд. Ҳусну қубҳи навиштаҳоямро мунаққидони варзида, шеършиносони касбӣ ҳаллу фасл намоянд, айни муддао мебуд.
– Аз фурсат истифода бурда аз номи мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик», ёру дӯстон, хешу пайвандон ба муносибати рӯзи милодатон табрикоти самимона гуфта, бароятон хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Ҳамеша сарбаланду хонаобод, сиҳату саломат бошед ва умри Шайх Саъдӣ насиб гардад.
Сӯҳбаторо Зоҳир Ҳасанзода,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.
***
НАМУНАҲО АЗ АШЪОРИ ШОИР
ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ
Хонадон ободу хуррам мешавад аз дасти зан,
Кулли мард аз бодаи меҳру вафо сармасти зан.
Аз низову моҷаро гардад хазон гулҳои меҳр,
Бишкуфад нахли мурод аз ғайрати бошасти зан.
Марду занро офарид Яздон барои зиндагӣ,
Ҳамчу хуршеди фалак дар арсаи созандагӣ.
Зистан маъно надорад бе муҳаббат дар ҳаёт,
Моҳро арзиш чӣ бошад бе ҳамон тобандагӣ?
«Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо»
Дар ҳаёти даргузар гумном мемондем мо.
Мешудем аз бахт дур в-аз кӯраҳои сӯзу соз,
Мухтасар як марди бас ноком мемондем мо.
Мард агар бошад садаф, пас бегумон гавҳар зан аст,
Тифли маъсумро падар мард аст агар модар зан аст.
Аз азал ҷуфт аст инсон бо таманнои Худо,
Марди донои замонро то абад ҳамсар зан аст.
ВАСФИ ДИЛ
Дило, дар корзори неку бад доим амон бошӣ,
Музаффар дар фазои беғубори ормон бошӣ.
Ба дунёи ҳавас бо чашми қонеъ бингарӣ ҳар дам,
Ки умре дар камингоҳи ҳазорон имтиҳон бошӣ.
Дило, дар рӯзгори худ хатое кардаам шояд,
Ба сар андешаи хому пуч парвардаам шояд.
Маро маъзур медорӣ дар ин ҷавлонгаҳи уммед,
Ба нафъи ҳамдиёронам туро озурдаам шояд.
Бароят ишқи беҳамто муҳайё мекунам, эй дил,
Ҷаҳонатро пуранвору мусаффо мекунам эй дил.
Намемонам, ки побанди хазону офате бошӣ,
Талошатро шабеҳ бо ҷӯши дарё мекунам, эй дил.
Дило, садди ҳазорон макру иғво кардаӣ яксон,
Алайҳи нокасон бархестӣ бо хашми бепоён.
Ба зери пойи номардон накардӣ хам сарат умре,
Ба даст овардӣ аз мардум ту ганҷи шуҳрати шоён.
Дило, аз Орифи даврон дучандон қарздорам ман,
Тамоми умр чун фарзанди маҳбуб интизорам ман.
Намебахшам худамро ҳеч агар руҳаш накардам шод,
Ба ёди покаҷдоди накӯдил дастёрам ман.
Дило, ин шеъри нав савғои беминнат ба номи туст,
Суханҳои малеҳ шоёни иззу эҳтироми туст.
Туӣ тимсоли бенуқсу хатои олами ҳастӣ,
Ҳаётам дар инону ихтиёри субҳу шоми туст.