Натиҷадории ислоҳот ва вазифаҳои афзалиятнок дар вилояти Навоӣ баррасӣ шуданд

  • Натиҷадории ислоҳот ва вазифаҳои афзалиятнок дар вилояти Навоӣ баррасӣ шуданд
  • Натиҷадории ислоҳот ва вазифаҳои афзалиятнок дар вилояти Навоӣ баррасӣ шуданд
  • Натиҷадории ислоҳот ва вазифаҳои афзалиятнок дар вилояти Навоӣ баррасӣ шуданд
  • Натиҷадории ислоҳот ва вазифаҳои афзалиятнок дар вилояти Навоӣ баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 10 феврал оид ба корҳое, ки дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Навоӣ амалӣ гардиданд ва вазифаҳои афзалиятноки минбаъда ҷамъомад гузаронд.

Қаблан вақте сухан дар бораи саноати Навоӣ равад, асосан корхонаҳои бузурги соҳавӣ – Комбинати кону металлургии Навоӣ, «Навоийуран», «Навоийазот», «Қизилқумсемент» ва амсоли инҳо пеши назар меомаданд ва сармоягузорӣ, ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодӣ низ маҳз ба фаъолияти ҳамин корхонаҳо вобаста буданд.

Дар натиҷаи корҳое, ки ҷиҳати рушди маҷмӯии минтақаҳо, диверсификатсияи иқтисод ва муайян намудани нуқтаҳои нави рушд амалӣ мегарданд, дар соли 2025 ҳаҷми сармоягузориҳои ҳудудӣ, ки ба корхонаҳои бузурги соҳавӣ вобаста нестанд, ба 1,4 миллиард доллар расид. Мақсад гузошта шудааст, ки дар соли 2026 ин нишондиҳанда ба 2 миллиард доллар расонида шавад.

Ҳамзамон, соли гузашта дар вилоят суботи макроиқтисодӣ таъмин гардид. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 168 триллион сӯмро ташкил дода, ба 7,7 фоиз афзуд. Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8,3 фоиз, кишоварзӣ 4,7 фоиз ва дар соҳаи хизматрасонӣ 13,7 фоиз болоравӣ қайд гардид. 161 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи бекорӣ ва нодорӣ то 4,2 фоиз поин рафт.

Тавре Президент таъкид кард, ҳар як ноҳия ва шаҳр бояд бо назардошти бартариҳои нисбии худ рушд дода шавад. Аз ҷумла, Нурато ва Ғазғон дар сангҳои ороишӣ ва сайёҳӣ, Томдӣ ва Учқудуқ дар саноати кӯҳӣ, Навбаҳор дар нассоҷӣ ва боғдорӣ, Конимех дар чорводории чарогоҳӣ, Зарафшон дар заргарӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, Кармана дар саноати кимиё ва туризми фарҳангӣ, шаҳри Навоӣ дар мошинсозӣ ва соҳаи хизматрасонӣ дорои иқтидори бузург мебошанд.

Бо вуҷуди ин, номутаносиб будани рушди саноат дар миқёси минтақаҳо таъкид гардид. Дар вилоят ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ 177 миллион сӯмро ташкил медиҳад, лекин дар ноҳияҳои Томдӣ, Нурато, Хатирчӣ, Навбаҳор ва Қизилтеппа ин нишондиҳанда аз сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ поинтар аст. Дар ҳоле ки Томдӣ ва Нурато аз захираҳои табиӣ, аз ҷумла мармар, кварс ва базалт бой мебошанд.

Аз ин рӯ, пешниҳодҳо бобати дар ноҳияи Нурато таъсис додани парки саноатии гранит, кластери коркарди маҳсулот ва бозори сангҳои ороишӣ дар масоҳати 50 гектар, инчунин дар ноҳияи Хатирчӣ ба кор даровардани минтақаи хурди саноатӣ дар масоҳати 50 гектар ва ҷойгирсозии лоиҳаҳои дорои арзиши баланди 100 миллион долларӣ маъқул дониста шуд. Вазифа гузошта шуд, ки истеҳсоли сангҳои ороишӣ чанд баробар зиёд карда шавад.

Бо мақсади таъмин намудани ин иқтидорҳо бо мутахассисон, дар техникуми технологияҳои рақамии Навоӣ маркази омодасозии кадрҳо барои соҳаҳои кӯҳу кон ва кимиё таъсис дода мешавад.

Умуман, соли ҷорӣ ҷалб кардани 4,2 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва ба 1,5 миллиард доллар расонидани ҳаҷми содирот муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ҷамъомад зарурати дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи вилоят ва ҷалби бештари онҳо ба равандҳои маҳаллисозӣ таъкид шуд.

Дар самти кишоварзӣ низ пурра истифода нагардидани имкониятҳои мавҷуда зикр гардид. Зеро 9 миллион гектар чарогоҳи вилоят барои ба драйвери иқтисодӣ табдил додани гӯсфандпарварӣ, шутурпарварӣ ва асппарварӣ кофӣ аст. Бо мақсди ривоҷдиҳии чорводорӣ соли 2026 аз хориҷ чорвои майда, шутур ва аспҳои зотӣ оварда мешавад.

Дар маҷмӯъ, 3,3 миллион гектар чарогоҳ тибқи равиши лоиҳавӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад. Бо истифода аз таҷрибаи Чин дар мубориза бо биёбоншавӣ, дар Навоӣ лоиҳаҳои махсус бобати бартараф кардани биёбоншавӣ амалӣ мегарданд.

Вилоят дар соҳаи таълим низ аз минтақаҳои пешсаф ба ҳисоб меравад. Фарогирӣ бо таҳсилоти олӣ 71 фоизро ташкил медиҳад ва соли гузашта хатмкунандагони 10 мактаб аз рӯйи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ натиҷаи 100-фоизаро қайд карданд.

Пешниҳод гардид, ки аз соли нави таҳсил дар шаҳрҳои Навоӣ ва Зарафшон тибқи тамоюли «Як мактаб – як синфи IT» синфҳои ихтисосӣ кушода шаванд. Барои ин 100 омӯзгори вилоят дар самтҳои IT ва зеҳни сунъӣ дар пойтахт ва хориҷи кишвар такмили ихтисос хоҳанд кард. Дар филиали Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд дар Зарафшон аз рӯи самтҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ барномаи таҳсили рӯзона роҳандозӣ мегардад.

Дар ҷамъомад соҳаи сайёҳӣ низ баррасӣ шуд. Соли 2026 ба вилояти Навоӣ ҷалб кардани 600 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ва 3 миллион сайёҳи маҳаллӣ, ба истифода додани 72 иншооти нави ҷойгиркунӣ ва таъсиси 500 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.

Бо ин мақсад кӯчаҳое, ки 65 маҳаллаи марказҳои шаҳру ноҳияҳоро ба ҳам мепайвандад, обод карда мешавад, дар минтақаҳои соҳилӣ ва наздисоҳилӣ масканҳои тиҷоратӣ, фароғатӣ ва истироҳатӣ бунёд мегардад, инчунин, дар 18 маҳаллаи дорои иқтидори баланди туристӣ хонаҳои меҳмонпазирӣ ташкил карда мешаванд. Дар 15 маҳаллае, ки дар канори роҳҳои байналмилалӣ ҷойгиранд, фаъолияти иншооти савдо ва хидматрасонӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар ноҳияи Нурато таъсиси Маркази миллии гулдӯзии «Нақшҳо ва нурҳо», дар ноҳияи Хатирчӣ ривоҷдиҳии маҳаллаҳои Лангар ва Ангидон ҳамчун минтақаҳои ихтисосёфтаи сайёҳӣ, инчунин ба деҳаи туристӣ табдил додани 4 деҳаи ноҳияҳои Нурато ва Конимех ба нақша гирифта шудааст.

Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Навбаҳор, ки ҳамчун ноҳияи «вазнин» муайян шудааст, бо таҳияи нақшаи асосии ташкили маскани истироҳатӣ ва фароғатӣ дар атрофи «Сармишсой», барои се баробар зиёд кардани ташрифи сайёҳон ва таъсиси зиёда аз 200 ҷойи корӣ имкониятҳо мавҷуданд.

Ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудани минтақаҳои атрофи Боғи Алишер Навоӣ, кӯли “Ҷавонон”-и шаҳри Навоӣ низ ба миён гузошта шуда, таъкид гардид, ки тавассути рушди ҳамоҳанги онҳо барои мардум фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир муҳим аст.

Дар шаҳри Кармана барои рушди сайёҳӣ иқтидори бузург мавҷуд аст. Барои боз як рӯз дар ин шаҳр, ки дар қадим дар шафати Роҳи бузурги абрешим ҷойгир буд, нигоҳ доштани сайёҳоне, ки аз Самарқанд ба Бухоро роҳ гирифтаанд, имконият мавҷуд. Дар робита ба ин, пешниҳоди таъсиси Маркази фарҳангӣ-сайёҳии «Карманаи қадимӣ» дар заминаи хонақоҳи Қосимшайх ва зиёратгоҳи Мирсаид Баҳром, бозори шаҳри кӯҳна ва боғи «Янги авлод» дастгирӣ ёфт.

Бо омӯзиши таҷрибаи Арабистони Саудӣ, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб зарурати рушди туризм дар биёбон ва чарогоҳҳо, ки қисми асосии минтақаи Навоиро фаро мегиранд, таъкид гардид.

Супориш шуд, ки корҳои беҳсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ва муҳандисӣ идома ёбанд. Аз ҷумла, дар солҳои 2026–2028 дар шаҳрҳои Навоӣ, Зарафшон, Учқудуқ ва Зафаробод марҳила ба марҳила нав кардани 312 километр қубурҳои оби нӯшиданӣ ва 124 километр шабакаҳои партовобҳо дар назар аст. Ҳамчунин вазифа гузошта шуд, ки дар ҳамаи мактаб, кӯдакистон ва муассисаҳои тиббии вилоят шароити муосири санитарӣ фароҳам оварда шавад.

Дар анҷоми ҷамъомад Сарвари давлат нақша ва пешниҳодҳои ироашударо маъқул дониста, таъкид кард, ки татбиқи онҳо бояд ба беҳбудии воқеии зиндагии аҳолӣ мусоидат кунад ва ба масъулон супоришҳои дахлдор дод.

ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: