Инқилоби истиқлол, пешрафт ва муқовимат

Инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 яке аз муҳимтарин ва таъсиргузортарин рӯйдодҳои таърихи муосири ҷаҳон ба шумор меравад. Ин инқилоб танҳо як таҳаввули сиёсӣ ё тағйири ҳукумат набуд, балки дар ҳувияти миллӣ, истиқлоли таърихӣ ва масири тамаддунии миллати Эрон дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд овард.

Дар замоне, ки бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушд зери таъсири қудратҳои ҷаҳонии Шарқ ё Ғарб қарор доштанд, миллати Эрон роҳи дигареро баргузид: роҳе, ки бар пояи имон, худбоварӣ, адолатхоҳӣ ва истиқлол устувор буд. Инқилоби исломии Эрон ба ҷаҳон нишон дод, ки як миллат метавонад бо такя бар иродаи хеш, сарнавишти худро аз нав рақам занад.
Шиори бунёдии ин инқилоб «На шарқӣ, на ғарбӣ, ҷумҳурии исломӣ» буд, ки дар худ иродаи миллӣ барои раҳоӣ аз вобастагӣ ва сохтани давлати мустақилро таҷассум кардааст. Ин асл баъдан ба пояи сиёсати хориҷии Эрон табдил ёфт ва бар се унсури калидӣ такя кард: иззат дар баробари султа, ҳикмат дар тасмим гирифтан ва маслиҳат дар таомули ҷаҳонӣ.
Дар амал, ин сиёсати мутавозин ба Эрон имкон дод, ки ҳамзамон бо ҳифзи истиқлол, дар низоми байналмилалӣ ҳузури фаъол дошта бошад.
Яке аз вижагиҳои муҳими Эрон, аз оғози инқилоб то кунун, иштироки мустақими мардум дар ташаккул ва идомаи низоми сиёсӣ мебошад. Бар хилофи бисёре аз инқилобҳои қарни бистум, ки ба низомҳои баста ва яксадоӣ анҷомиданд, инқилоби исломӣ бар пояи мафҳуми мардумсолории динӣ шакл гирифт.
Аз рӯзҳои аввали пирӯзӣ то имрӯз, баргузории пайвастаи интихобот – аз ҳамапурсиҳо то интихоботи президентӣ ва парлумонӣ нишон медиҳад, ки ҷумҳурият унсури асосии сохтори давлатдорӣ боқӣ мондааст. Ин таҷриба, ки бо унсурҳои арзишҳои динӣ ҳамоҳанг шудааст, модели хоси мардумсолории динӣ ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ҷанги ҳаштсолаи таҳмилӣ алайҳи Эрон, ки бо ҳимояти густардаи қудратҳои ҷаҳонӣ аз режими Саддом Ҳусайн сурат гирифт, яке аз сахттарин имтиҳонҳои таърихии миллат буд. Бо вуҷуди талафоти бузург, ин давра боиси таҳкими ҳамбастагии миллӣ гардид ва мафҳуми «муқовимат» ҳамчун сармояи стратегӣ дар шуури ҷамъиятӣ ҷой гирифт. Миллати Эрон бо истодагии таърихии худ нишон дод, ки инқилоби исломӣ танҳо як шиор нест, балки ҳақиқати решадор дар иродаи мардум аст. Ин рӯҳия баъдтар дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмӣ низ устувор гардид.
Воқеан, яке аз дастовардҳои барҷастаи пасоинқилобӣ, рушди босуръати илм ва фанноварӣ дар шароити таҳрим ва фишорҳои густурда мебошад. Пешрафт дар соҳаҳои нано, тиб, дорусозӣ, муҳандисии ҳавофазо ва саноати донишбунёд Эронро ба яке аз марказҳои муҳими тавлиди илм дар минтақа табдил дод. Ва албатта ин раванд натиҷаи сармоягузорӣ ба нерӯи инсонии ҷавон ва сиёсати худкифоии миллӣ мебошад.
Имрӯз Эрон дар баробари ҳифзи истиқлол, ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя таваҷҷуҳи хос дорад. Дар ин замина, Ӯзбекистон бо пайвандҳои амиқи таърихӣ ва тамаддунӣ, муштаракоти фарҳангиву исломӣ, зарфиятҳои бузурги иқтисодӣ ва транзитӣ, инчунин, чашмандози ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ, аз шарикони муҳими минтақавӣ ба шумор меравад.
Аз Самарқанду Бухоро то Исфаҳону Шероз, мероси муштараки фарҳангӣ ва маънавӣ, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро беш аз пеш ошкор месозад.
Бояд гуфт, ки инқилоби исломии Эрон таҷрибаи воқеан нодир дар таърихи муосир аст. Таҷрибае, ки собит кард як миллат метавонад бо такя ба имон, ҳувияти миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ, дар баробари фишорҳои фарогири ҷаҳонӣ устувор бимонад ва ҳамзамон масири илм, рушд ва тамаддунро пайгирона идома диҳад.
Имрӯз Эрон, бо вуҷуди ҳама маҳдудият ва душвориҳо, барои пешрафти илмӣ ва ҳимояти адолат дар минтақа талош мекунад. Дар ин масир, таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯст, аз ҷумла Ӯзбекистон, бар пояи мероси муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ, метавонад ояндаи равшантареро барои минтақа рақам занад: ба ояндае, ки дар пояи ҳамкорӣ, эҳтироми мутақобил ва манфиати муштарак гузошта шудааст.

Ҳасан САФАРХОНӢ,
ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: