Бо ташаббуси Садорати карантин ва ҳифзи растании вилояти Самарқанд тадбирҳои судманди таҷрибаомӯзӣ барои боғбонону фермерҳо бо иштироки мутахассисон аз Эрон ташкил ёфт. Дар ноҳияҳои Тайлоқ, Нуробод ва Самарқанд семинари такмили ихтисос гузарониданд. Боғбонони самарқандӣ ва эронӣ аз таҷрибаи худ нақл карданд.
Дар хоҷагии фермерии боғпарварии «Аъзам-Азамат-агро»-и ноҳияи Самарқанд дарси маҳорат оид ба усулҳои нигоҳубини дарахтони меванок, роҳҳои аз ҳашароти зараррасон муҳофизат кардан, ба дарахтон шакл додан, обу ғизодиҳӣ баргузор гардид.
Доктори фанҳои кишоварзӣ аз Эрон Муҳаммадалӣ Абдулло дар бораи чанд намуди озуқаи минералӣ, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзор дар Теҳрон истеҳсол мешавад ва тарзи истифодаи самаранокии онҳо ҳарф зад.
– Меваҳои мо дар бозорҳои ҷаҳонӣ машҳуранд, – гуфт ӯ, – солҳои охир бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари Ӯзбекистон риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишвари мо густариш меёбад. Бинобар ҳамин дар бозору пештахтаҳои мағозаҳои Самарқанд низ себу нок ва дигар меваҳои субтропикӣ, ангур, маҳсулоти хушсифати полизӣ, ки дар Эрон истеҳсол мешаванд, бисёр аст.
Боиси хушнудист, ки мо бо чанд хоҷагии фермерии на танҳо Самарқанд, инчунин водии Фарғона, вилоятҳои Тошканд, Бухоро ва ғайра шартномаҳои ҳамкорӣ баста, барои ривоҷу равнақи боғдорӣ саҳми арзанда мегузорем.
Таъкид гашт, ки дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби 4020 хоҷагии деҳқонӣ ва боғдорӣ дар 1592 гектар майдон 1 миллиону 228 ҳазор бех ниҳолҳои меванок ва манзаравӣ сабзонида шуд.
Бахтигул Ғаниева,
роҳбари хидмати матбуоти садорати карантин ва ҳифзи растаниҳои вилояти Самарқанд.