Дар муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 30-юми ноҳияи Чуст дар мавзӯи «Ду ҳикмати бузург, ду шахси хушзабон» чорабинии идонаи маънавӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Ин чорабинӣ ба зодрӯзи мутафаккирон ва шоирони бузург – Алишер Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур бахшида шуд. Чорабинӣ ба мақсади тарғиби васеи мероси адабии мутафаккирон, фазилатҳои баланди инсонӣ ва хислатҳои беҳамтои онҳо дар тарбияи насли наврас ташкил гардид.
Ба он падар ва модарони тарбиягирандагон низ даъват шуданд.
Дар давоми гирдиҳамоӣ хонандагон аз эҷодиёти шоирони бузург шеъру ғазал, суруду рақс иҷро намуда, оиди ҳаёти онҳо саҳначаҳо намоиш доданд.
Чорабинӣ бо руҳияи болида баргузор гардид, ки ба тақвият додани ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба китобхонӣ ва садоқат ба мероси маънавӣ хидмат хоҳад кард.
Шаҳло МАМАДҶОНОВА. Вилояти Намангон.