Таҷрибаи Мактаби президентӣ нишон дод, ки зеҳни сунъӣ метавонад сифати таълимро бо иштироки фаъоли толибилмон баланд бардорад.
Бо мақсади омӯзиш, таҳлил ва самаранок ҷорӣ намудани равишҳои пешқадами педагогӣ, технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва методикаи таълим дар асоси салоҳият, ки дар Мактабҳои президентӣ дар амал татбиқ мешаванд, байни Маркази маҳорати педагогии вилояти Навоӣ ва Мактаби президентии шаҳри Навоӣ корҳои амалӣ роҳандозӣ гардида, ташкили як қатор семинар-тренингҳо барои омӯзгорон ва шунавандагон ба анъана табдил ёфтааст.Семинар-тренинги навбатиро ба сафи чорабиниҳои анъанавӣ ҳамроҳ кардан ғайриимкон аст. Зеро он на аз ҷониби омӯзгорон, балки аз ҷониби толибилмон баргузор гардид. Толибилми синфи 10-green-и Мактаби президентии шаҳри Навоӣ Маликабону Юсупова ва толибилми синфи 9-biue Азизабону Баҳронова барои шунавандагони марказ дар мавзӯи «Баланд бардоштани сифати таълим дар асоси зеҳни сунъӣ: таҷрибаи Мактаби президентӣ» маърӯзаи ҷолибу муфид анҷом доданд.
Дар ҷараёни семинар духтарон оид ба истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, инчунин роҳҳои таълим додани толибилмон бо равишҳои босифат ва муосир дар асоси таҷрибаи ҷамъшудаи Мактаби президентӣ ба таври муфассал маълумот доданд.
Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.