Дар ноҳияи Янги Намангон барои фароҳам овардани муҳити мусоиди тиҷоратӣ барои соҳибкорон ва таъмини шуғли аҳолӣ чораҳо андешида мешаванд.
Аз ҷумла дар корхонаи «Savlat mebel», ки ду сол пеш ташкил шудааст, 50 нафар ҷавонон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Коргоҳ, ки арзиши он 10 млрд. сӯмро ташкил медиҳад, 60 намуди мебел истеҳсол мекунад. Дар корхона инчунин як сехи махсус барои маҳсулоти бо истифода аз технологияҳои чинӣ истеҳсолшуда таъсис дода шудааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда таъсиси ҷойҳои корҳои иловагӣ боз ҳам зиёд мешаваду маҳсулоти мебели истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя низ содир карда мешавад.
Шоҳида ДАМИНОВА, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.