Мувофиқи нақша, ки байни Ҳукумати Ӯзбекистон ва ICSESCO (Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ) 24 майи соли 2025 имзо шудааст, баргузории анҷумани 13-уми Кумитаи мероси фарҳангии ҷаҳони ислом дар Тошканд аз 9 то 13 феврали соли 2026 ба нақша гирифта шуда буд.
Дар доираи анҷумани 13-уми кумита, ки 10 феврал дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ ёфт ва то 12 феврал идома хоҳад кард, дар доираи вохӯриҳои коршиносон ва ҷаласаҳои мавзӯӣ, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ оид ба идоракунии мероси фарҳангӣ, рақамикунонӣ, ҷорӣ намудани технологияи IT, кори осорхонаҳо ва бойгонӣ, сайёҳии фарҳангӣ, устувории экологӣ ва масъалаҳои мубрами муосирро дар меҳвари баҳсу баррасиҳо қарор медиҳад.
Гузашта аз ин, дар ҷараёни иҷлосияи Тошканд ташаббусҳои нав ва лоиҳаҳои муштарак муаррифӣ карда мешаванд, ки самтҳои ҳамкорӣ дар таблиғи мероси фарҳангии исломӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва ҷалби насли ҷавонро муайян хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, зиёда аз 100 парвандаи номзадӣ аз кишварҳои узви ISESCO барои шомил кардан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳони ислом баррасӣ мегарданд, то ки барои шомил кардани онҳо ба Рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳони ислом қарорҳои дахлдор низ қабул карда шаванд.
Интизор меравад, ки объектҳои мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии Ӯзбекистон ба Рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳони ислом шомил карда шаванд.
Маросими пӯшидашавии 13-умин анҷумани Кумитаи мероси фарҳангии ҷаҳони ислом имрӯз баргузор мегардад. Дар идома меҳмонон аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид ба амал меоранд.
12 феврал иштирокчиёни анҷуман ба Самарқанд ташриф меоранд ва аз ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва ҷойҳои тамошобоби он боздид мекунанд. Ҳамон рӯз чорабиниҳо таҳти унвони «Самарқанд – пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025» сурат хоҳанд гирифт.
Шаҳноза ТӮРАЕВА,
мутахассиси дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.