Ҳамватанони мо тӯй ва маросимҳои дигари онро бо орзую ҳаваси зиёд мегузаронанд.
Таассуфовар он аст, ки нафароне ёфт мешаванд, аз тӯй ҳамчун фурсат барои намоиши сарвати худ истифода мебаранд. Сарфу хароҷоти чунин тӯйҳо, ки зиёд аст, тӯйкунанда барои ин тамоми умри хешро мебахшад.
Дар кишвари мо шояд ҳеч як масъала мисли масъалаи камхарҷ баргузор намудани тӯйи арӯсӣ ва ихтисор намудани маъракаву маросимҳои он дар муддати тӯлонӣ ва пайваста баррасӣ нашуда бошад. Дар замони худ равшанфикрон, пешвоёни ҷамъият борҳо таъкид кардаанд, ки хароҷоти беҳуда некӣ намеорад. Дар замони аморати Бухоро тӯй одатан 7-8 рӯз давом мекард ва ҳар рӯз хӯрокҳои гуногун пухта мешуд. Ҳангоми гусели меҳмонон додани қариб аз як то 10-15 кило қанд ба онҳо расм низ будааст. Аморати Бухоро кӯшиш кардааст, ки ба тӯй ва маросимҳои серхарҷ хотима гузорад. Аз ҷумла, соли 1911 фармони Амир Саид Олимхон «Дар бораи барҳам додани исрофкорӣ дар тӯйҳо» эълон карда шуд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба масъалаи муҳим, инчунин мушкилоти фаврии замони худ рӯ оварда, халқро ба огоҳӣ даъват намуда, гуфтааст, ки «... хароҷоти маросимҳои тӯй ва дафн ҳолати мардумро ба харобӣ меоварад. Чунин расму оинҳо мушкилиест, ки моро ба бӯҳрон, хатар ва дӯзах меандозанд».
Ба тӯй ва маъракаҳои боҳашамати имрӯза назар афканда, мебинем, ки ин суханон ҳатто пас аз садсолаҳо низ аҳамияти худро гум накардаанд.
Бо назардошти маросимҳои сершуморе, ки пеш аз тӯй ва баъд аз он баргузор мешаванд, саволе ба миён меояд, ки чаро одамон ин қадар худписанду тобеи маросимҳои худэҷодкарда мебошанд? Тасаввур кардан душвор нест, ки хароҷоти маросимҳои тӯй ба монанди «тӯҳфадиҳӣ», «сафедпӯшон», «фотиҳа», «боркаш», «келинсалом», «домодсалом», «қовурдоқ», «келинталбон», «падарбинон», «қудоталбон» ва ғайра, ки дар минтақаҳо номҳои гуногун доранд, барои оилаҳои миёнаҳол чӣ қадар мушкилӣ эҷод мекунад.
Орзуи падару модар набояд танҳо аз боҳашамат гузаронидани тӯйи фарзандон иборат бошад. Ба тӯй ва маросимҳои дигари он сарф намудани пасандози чандинсола нишонаи бемаърифатӣ, нодонӣ ва заъфи маънавист.Гузашта аз ин, мушкилоти моддии пас аз тӯй ба муҳити оила таъсири манфии худро расонда, барои аҳли хонавода бори гарон мешавад.
Тибқи таҳқиқотҳои охирин, дар 70-80 фоизи тӯйҳо 300-500 нафар иштирок намуда, хароҷоти онҳо ба ҳисоби миёна аз 50 то 100 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Ин боиси мушкилоти молӣ ва дар 45-50 фоизи ҳолатҳо қарздор шудани аксари оилаҳо мегардад.
16 сентябри соли 2025 Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳои истифодаи самараноки партовҳои хӯрокворие, ки дар корхонаҳои хӯроки умумӣ ҳосил шудаанд, кам кардани таъсири манфии онҳо ба муҳити зист, инчунин пешгирии исрофкорӣ» ба имзо расида буд.
Дар қарор тибқи тартиби муқарраршуда қатъиян назорат кардани баргузории тӯйҳо, ҷашнҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо қайд карда шуд ва ба ин кори хайр Маркази маънавият ва маърифат, Иттиҳоди маҳаллаҳо, Кумитаи занону духтарон, Бунёди «Нуронӣ» ва Идораи мусалмонон сафарбар гардида, онҳо дар байни аҳолӣ ҷиҳати камхарҷ, сарфакорона гузаронидани тӯй ва маъракаҳо корҳои ташвиқотиву таблиғотии худро оғоз намуданд.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Марказимаънавият ва маърифат дар асоси пурсиши афкори умум, ки дар он 1500 нафар иштирок намуда буданд, 40 фоизи онҳо изҳор доштанд, ки аз қарори Девони Вазирон дар бораи бо маҳдудият баргузор намудани тӯйҳо огоҳ нестанд. Ин нишон медиҳад, ки корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ дуруст ба роҳ монда нашудаанд.
61 фоизи аҳолӣ тӯйҳои оддиро ҷонибдорӣ карданд, 26 фоиз зарурати кам кардани хароҷоти тӯйро бо мувофиқаи тарафайн таъкид намуданд. Сабаби боҳашамат гузаронидани тӯй аз афроде, ки тӯйро дар нақша доранд, пурсида шуд: 65,2 фоиз ҷавобан гуфтаанд, ки «тӯйро аз сабаби «одамон, ҳамсояҳо, маҳалла чӣ мегӯянд» ё ки нигоҳ доштани мавқеи худ дар ҷомеа боҳашамат гузарониданианд».
15 фоизи аҳолӣ қайд намуд, ки орзу доранд тӯйи боҳашамат гузаронанд. Дар байни иштирокдорони пурсишнома нафароне зиёд андешаҳои худро оиди дар байни аҳолӣ паҳн кардани китобчаҳои хурд, буклетҳои осонфаҳм изҳор кардаанд, ки дар он шарҳи зарари тӯйҳои калон ба ҳар ду оила ва манфиатҳои тӯйҳои ихчаму хурдтар акси худро ёфта бошад.
Муҳимтар аз ҳама, 53 дарсади ҷавонон изҳор намудаанд, ки онҳо тарафдори тӯйҳои камхарҷ ва кам кардани маросимҳо мебошанд.
Шаҳрвандон инчунин таъкид кардаанд, ки намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон дар ташкили тӯйҳои камхарҷ намунаву ибрат шаванд ва ҳангоми муқаррар кардани чунин тӯйҳо музди миёна бояд ба назар гирифта шавад.
Дар моддаи 1921 кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар шудааст, ки аз шаҳрвандоне, ки дар баргузор намудани тӯй, ҷашнҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо ба талаботи баргузории чунин чорабиниҳо риоя намекунанд, ҷарима ба андозаи даҳ баробари маблағи ҳисобкунии асосӣ бояд ситонида шавад. Тибқи ҳисоби имрӯза, ин маблағ 4 миллиону 200 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад ва пардохти он низ барои қисми зиёди аҳолӣ мушкил нест. Агар мо мисли Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҷаримаро тибқи дараҷаи мақом ва вазифаи шахсон ба андозаи 30-50 баробари маблағи ҳисобкунии асосӣ муқаррар намоем, самаранок хоҳад буд.
Тӯйҳои давраи карантинро ба ёд оред: дар он иштироки 30 нафар рухсат буду барои оростани дасторхон то 2-2,5 миллион сӯм маблағ сарф мекарданд. Касе аз ин нороҳат нашуд ва аз одӣ гузарондани тӯяш шикоят низ накард. Бо вуҷуди ин, дар кишвари мо то ҳол одамони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд тӯйҳоро ихчам гузаронда, пули иловагиро барои таҳсил ё рушди касбии фарзандонашон сарф кунанд.
Тӯй анъанаи миллии мост. Исрофкорӣ, манманӣ, худписандӣ ва риёкорӣ ба маънавият ва фарҳанги халқи мо бегона асту дини мубинамон низ исрофкориро тарафдорӣ намекунад. Агар мо тӯйҳоро бо меъёри ягона ва қатъӣ, сарфакорона баргузор намоем ва шумораи маросимҳои беинтиҳо низ то ҳадди имкон кам карда шаванд, оилаҳо аз ҷиҳати молӣ душворӣ накашида, осуда мешуданд ва ҷанҷолу талоқҳо низ кам мешуданд.
Ҳоло аз ҷониби ташкилотҳои номбар гардида лоиҳаҳо оидибаргузории тӯй ва тартиби мушаххаси онҳо (лоиҳаи танзими маросимҳои тӯйи арӯсӣ) коркард мешаванд. Мо муштариёни рӯзномаро бо натиҷаҳои корҳое, ки дар доираи ин лоиҳа амалӣ мешаванд, шинос хоҳем кард.
Набия Нодирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».