Tillo Domor: маҳсулоти маҳаллӣ дар бозори байналмилалӣ

  • Tillo Domor: маҳсулоти маҳаллӣ дар бозори байналмилалӣ
  • Tillo Domor: маҳсулоти маҳаллӣ дар бозори байналмилалӣ
  • Tillo Domor: маҳсулоти маҳаллӣ дар бозори байналмилалӣ
  • Tillo Domor: маҳсулоти маҳаллӣ дар бозори байналмилалӣ

Имрӯз коркарди шир ба як соҳаи баландтехнологӣ ва содиротгарои саноат табдил ёфтааст.

Кишварҳои аврупоӣ мавқеи пешсафиро ба шарофати стандартҳои баланди сифат нигоҳ медоранд, Зеландияи Нав — ба туфайли модели самараноки содиротӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошад — бо равиши инноватсионӣ фарқ мекунад. Солҳои охир дар кишвари мо низ рушди устувор дар ин самт мушоҳида мешавад.
Тибқи маълумот, дар соли 2025 ҳаҷми аз ҳама зиёди истеҳсоли шир ва маҳсулоти ширӣ дар вилоятҳои Самарқанд, Қашқадарё ва Хоразм ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар вилояти Хоразм дар як сол зиёда аз як миллион тонна шир истеҳсол гардидааст. Қисми зиёди ин ҳаҷм — тақрибан 150 ҳазор тонна ба саҳми чорводорони ноҳияи Урганҷ рост меояд.
Корхонаи коркарди шир Tillo Domor, ки дар ин ноҳия ҷойгир аст, ҳамасола таҳти тамғаи Damar навъҳои гуногуни панирҳои табиӣ ва маҳсулоти босифати шириро ба маблағи тақрибан 10 миллион доллари ИМА истеҳсол менамояд. Илова бар бозори дохилӣ, маҳсулоти корхона бо нархҳои дастрас ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир карда мешавад.

Суратгир: Б. Саидов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: