Тибқи қарори роҳбари давлат аз 8 сентябри соли 2025 «Дар бораи чорабиниҳо доир ба зинаи нав баровардани низоми таълими беруназмактабӣ», дар саросари ҷумҳурӣ дар заминаи мактабҳои кӯдаконаи «Баркамол авлод» марказҳои «Келажак» таъсис дода мешаванд.
Аз аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон низ Маркази «Келажак» фаъолияти худро оғоз намуд. Дар марказ 63 маҳфил дар самтҳои «Фарҳанг ва санъат», «Техника, конструкторӣ ва моделсозӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Ҳунармандӣ ва корҳои дастӣ», «Сайёҳӣ ва экология», «Омодагӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мактаб», «Забонҳои хориҷӣ» фаъолият мебаранд.
Ба ин маҳфилҳо зиёда аз 2 ҳазору 100 нафар хонанда ҷалб карда шудаанд. Ҳамчунин, дар як қатор мактабҳои таҳсилоти умумии ҳудуди шаҳр маҳфилҳои шабакавӣ ташкил карда шудаанд.
Суратгир: М. ҲАБИБУЛЛОЕВ (ӮзА).