Намак фоида дорад, аммо...

Тадқиқотҳои густурдаи олимони чинӣ тасдиқ карданд, ки истеъмоли аз ҳад зиёди маҳсулоти шӯр ба фаъолияти мағзи сар таъсири хатарнок мерасонад.

Маълум шудааст, ки зиёд будани намак дар ғизо на танҳо фишори хунро баланд мекунад, балки як силсилаи реаксияҳои пайдарпайро ба вуҷуд меорад. Яъне, мувозинати бактерияҳои рӯдаро халалдор месозад, хатари илтиҳоби мағзи сарро зиёд мекунад, ба нейронҳо осеб мерасонад, хотираро суст мекунад ва эҳсоси изтиробро тақвият мебахшад.
Қаблан ҳам маълум буд, ки зиёд будани намак дар маҳсулотҳои истеъмолкунанда ба дилу рагҳои хун зарар мерасонад. Айни замон собит гардидааст, ки таъсири вайронкунандаи он ба узвҳои дохилӣ метавонад муддати дароз идома ёбад. Олимони Маркази илмии тиббии Донишгоҳи Сиан Цзяотун натиҷаҳои тадқиқоти худро пешниҳод намуда, аз мавҷуд будани робитаи хатарнок байни истеъмоли зиёди намак ва ҳолати мағз хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, истеъмоли мунтазами намак ба миқдори зиёд метавонад аз роҳи меъдаву рӯда то ба мағзи сар зарар расонад.
Барои санҷиши ин фарзия муҳаққиқон таҷрибаҳоро дар болои мушҳо анҷом доданд. Ба як гурӯҳ ҳар рӯз ғизои муқаррарӣ дода мешуд, ба гурӯҳи дигар бошад — хӯроки дорои миқдори зиёди намак. Тавре интизор мерафт, дар мушҳое, ки ғизои шӯр истеъмол мекарданд, фишори хун босуръат баланд гардид. Пас аз шаш моҳ дар онҳо нишонаҳои равшани изтироб ва нооромӣ бештар ба назар расид.
Санҷишҳои минбаъдаи генетикӣ нишон доданд, ки дар мағзи сари мушҳо нишонаҳои илтиҳоб афзуда, баъзе равандҳо аз ҳад фаъол шудаанд, дар ҳоле ки фаъолияти генҳои муҳофизаткунандаи ҳуҷайраҳо коҳиш ёфтааст.
Дар натиҷа, олимон ба чунин хулоса омаданд, ки назорати истеъмоли намак дар меъёр барои нигоҳ доштани тавозуни микроорганизмҳои рӯда ва пешгирии таъсирҳои номатлуб ба фаъолияти мағзи сар бисёр муҳим аст, хабар медиҳад mk.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: