Бузургтарин астероид дар соли охир 14 феврал аз назди Замин парвоз мекунад.
Дар бораи ин дар Лабораторияи астрономияи офтобии Институти таҳқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои Русия (ИКИ) РАН хабар доданд.
Астероиди 162882 тақрибан як километр андоза дорад. Он дар фосилаи чанд миллион километр аз сайёраи мо қарор хоҳад дошт. Ба гуфтаи олимон, ин ҷисм ҳеҷ гуна хатари бархӯрд бо Заминро эҷод намекунад. Эҳтимолияти бархӯрд сифр аст.
Ин астероид бузургтарин ҷисм дар давоми соли гузашта ба шумор меравад, ки дар масофаи то 7,5 миллион километр убур кардааст, хабар медиҳад lenta.ru.