Дар охири моҳи феврал сокинони Замин имкони тамошои «паради сайёраҳо»-ро хоҳанд дошт

Чор сайёра — Меркурий, Венера, Марс ва Юпитерро метавон бо чашми одӣ дид.

Аммо барои мушоҳидаи Уран ва Нептун дурбин ё телескоп лозим мешавад.
Дар охири моҳи феврал дар осмони шаб ҳодисаи нодир ба мушоҳида мерасад: шаш сайёра дар як қатор ҷой мегиранд. Дар ин бора рӯзномаи The Guardian хабар медиҳад.
Ҳодисае, ки «ҷойгиршавии сайёраҳо» ё «паради сайёраҳо» номида мешавад, замоне рух медиҳад, ки ҳамзамон дидани ҳадди ақал чор ё панҷ сайёра имконпазир мегардад. Рӯзи 28 феврал Меркурий, Венера, Юпитер, Сатурн, Уран ва Нептун дар осмон дар як қатор намоён мешаванд. Ин манзараи нодири сайёравӣ барои мардум дар саросари ҷаҳон қобили тамошо хоҳад буд.
Ҳамаи ин сайёраҳо дар атрофи Офтоб тақрибан дар як ҳамворӣ, яъне эклиптика, ҳаракат мекунанд. Гарчанде ҳар кадоми онҳо бо суръат ва масофаи гуногун ҷунбиш доранд, аз нуқтаи назари Замин баъзан чунин менамояд, ки чандтои онҳо дар як қатор ҷой гирифтаанд.
Ин ҳамқаторшавӣ танҳо як таъсири визуалӣ мебошад, зеро сайёраҳо дар асл дар масофаҳои миллионҳо ё ҳатто миллиардҳо километр аз якдигар қарор доранд, — хабар медиҳад korrespondent.net.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: